Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар Остона барои медалҳои қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд


Муҳаммад Бодаков.
Муҳаммад Бодаков.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасону навҷавонон ва бузургсолон, ки аз 13-ум то 16-уми июл дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона - баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа беш аз 700 варзишгар аз 30 кишвари қора барои 70 маҷмӯи медалҳо миёни наврасону навҷавонон (аз 14 то 20-сола) ва бузургсолон (аз 20-сола боло) рақобат мекунанд.

Ба иттилои Муҳаммад Бодаков, сармураббии дастаи мунтахаби каратэ-дои Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 23 варзишгар дохил аст: Сӯҳробҷон Каримов (-52 кг), Аслиддин Акбаров (-57 кг), Алишер Қаюмов (-70 кг) миёни наврасон; Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-55 кг), Муҳаммадёри Ҳикматулло (-61 кг), Абдуваҳҳоб Шарофов (-68 кг), Умед Сафаров (-76 кг), Нигина Давлатова (-55 кг) миёни навҷавонон; Сайёд Ғафуров (-60 кг), Қамар Қамаров (-67 кг), Мухторшайх Файзуллоев (+84 кг), Муҳайёи Музаффар (-50 кг) миёни ҷавонони то 21-сола, Мӯҳсин Раҳматов (-55 кг), Далер Баротов (-60 кг), Раҷаббек Раҳимов (-67 кг), Фаррухҷон Раҳимов (-75 кг), Бадриддин Умедов (+84 кг), Гулосори Сӯҳроб (-55 кг), Лола Лиситса (-61 кг), Фарангис Баҳромзода (-68 кг), Алан Болиев (кумитэ), Баҳодурхон Бобохонов (кумитэ), Фирӯза Мақсудова (+68, ката) миёни бузургсолон.

Бояд гуфт, ки каратэ-до ба рӯйхати намудҳои олимпии варзиш дохил шудааст, бинобар ин дар ин мусобиқаи қаҳрамонии қитъавӣ варзишгарон барои феҳристи ҷаҳонӣ имтиёзҳо ба даст меоранд.

Муҳаммад Бодаков дар як суҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки каратэ-до дар Тоҷикистон бахусус миёни наврасону ҷавонон маъруфият пайдо кардааст. Вай афзуд, “маънои каратэ, ки ҳунари размии ҷопонист, муҳориба бо дастони холӣ мебошад. Ин намуди варзиш дар Тоҷикистон пас аз таъсиси Федератсияи каратэ-до соли 1992 ривоҷ ёфт. Аз ҳамон сол Федератсияи миллӣ узви Федератсияи ҷаҳонии каратэ (WKF) ва узви Федератсияи каратэи Осиё (AKF) мебошад. Дар айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 3000 нафар наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш мунтазам машғул ҳастанд.

Ба гуфтаи оқои Бодаков, варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд. Чунончи, 7 нафар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар равияи “шотокан” ва 4 нафар дар равияи “шиторю” ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG