Конфедератсияи футболи Осиё Нивон Робеш Гамини аз Шри-Ланкаро сардовари бозии аввали ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 миёни қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе ва ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур) – «Серес» (Филиппин) таъйин кардааст.
Ба ӯ Локу Костонаҷе Удаяканта (Шри-Ланка) ва Қанот Закариё (Сурия) кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи Масъуд Туфайлии суриягӣ вогузор шудааст. Рустам Юсуф Мирзо аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Гутам Кар аз Ҳиндустон комиссари бозӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 «Истиқлол»-и Душанбе, ки ғолиби минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст, дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рақобат мекунад.
Дар бозии ниҳоии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бошгоҳҳои «Хоум Юнайтед» (Сингапур) ва «Серес» (Филиппин) вориди рақобат мешаванд. Ин бозиҳо рӯзҳои 2-юм ва 9-уми август барпо мегарданд.
Дар бозии аввали ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 «Истиқлол» 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» – «Серес» рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии ҷавобӣ 12-уми сентябр ё дар Сингапур, ё дар Филиппин баргузор мешавад.
Ҷоми AFC-2017
Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ. Финал
Бозии аввал
2 август (чоршанбе)
«Хоум Юнайтед» (Сингапур) – «Серес» (Филиппин)
Бозии ҷавобӣ
9 август (чоршанбе)
«Серес» (Филиппин) – «Хоум Юнайтед» (Сингапур)
Бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавӣ
Бозиҳои аввал
22 август (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур)/«Серес» (Филиппин)
23 август (чоршанбе)
«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)
Бозиҳои ҷавобӣ
12 сентябр (сешанбе)
Ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур)/«Серес» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
13 сентябр (чоршанбе)
«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)