Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Бишкек


Шукрона Қарчиева.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасону навҷавонон, ки рӯзҳои 13-16 июл дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Рустам Назаров, мураббии бошгоҳи варзишии "Вастан”, рӯзи 12-уми июл, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон 14 варзишгар дохил аст. Даҳ нафар - Сомон Аламов (-55 кг), Олим Назриев (-60 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-66 кг), Хаёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кг), Темур Раҳимов (-100 кг), Хуршед Маҷидов ва Муҳаммадбек Фарҳодов (+100 кг) – дар сабқати писарон ва чаҳор нафар - Шукрона Қарчиева (-48 кг), Ойишабону Қурбоналиева (-52 кг), Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева (-57 кг) – дар сабқати духтарон ширкат меварзанд.

Дар сабқати наврасон Шарифбек Набиев (-50 кг), Умед Асматуллобеков, Сӯҳроб Алихонов (– 55 кг), Сафарғанӣ Қурбонбеков (-60 кг), Розиоллоҳ Лоиқов (-66 кг), Абдулхайр Абдуллоев (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Эмомризо Қурбонов, Абубакри Акобир (- 90 кг) ва Шаҳбоз Тӯраев(+90 кг) иштирок мекунанд.

“Ин мусобиқа барои варзишгарони тоҷик пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Чили (9-13 август) ва миёни навҷавонон дар Кореяи Ҷанубӣ (18-22 октябр) имтиҳони ҷиддист”, - мегӯяд Рустам Назаров.

Ба ҷуз Рустам Назаров, гуштигирони ҷавонро ба ин мусобиқаи қитъавӣ мураббиён Мустақим Аминов, Шералӣ Бозоров, Ризқиддин Раҷабов ва Холмаҳмад Толибов омода кардаанд. Инчунин ду намояндаи Тоҷикистон - Рамзӣ Шамиров ва Зариф Назриев - дар мусобиқаи мазкур ба ҳайси довар иштирок мекунанд.

Жолдошбек Колбаев, раиси Федератсияи миллии ҷудои Қирғизистон, рӯзи 10-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасону навҷавонон ширкати 332 варзишгар аз 18 кишвари қора дар назар аст. Гуштигирони солҳои таваллудашон 1997-2002 дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и шаҳри Бишкек барои 32 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (кадетҳо), Бишкек, 13-14 июл

Мусобиқа барои 16 маҷмӯи медалҳо миёни наврасони солҳои таваллудашон 2000-2002 дар ҳашт вазн (то 50 кг, то 55 кг, то 60 кг, то 66 кг, то 73 кг, то 81 кг, то 90 кг, беш аз 90 кг) байни писарон ва дар ҳашт вазн (то 40 кг, то 44 кг, то 48 кг, то 52 кг, то 57 кг, то 63 кг, то 70 кг, беш аз 70 кг) миёни духтарон баргузор мешавад.

Барои медалҳо варзишгарони 15 кишвар -Тайван, Ҳонконг, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лубнон, Макао, Муғулистон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Узбакистон ва Ветнам - мубориза мебаранд.

Шумораи умумии варзишгарон - 158: 95 писар ва 63 духтар.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни навҷавонон, Бишкек, 15-16 июл

Мусобиқа барои 16 маҷмӯи медалҳо миёни навҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2000 дар ҳашт вазн (то 55 кг, то 60 кг, то 66 кг, то 73 кг, то 81 кг, до 90 кг, то 100 кг, беш аз 100 кг) байни писарон ва дар ҳашт вазн (то 44 кг, то 48 кг, то 52 кг, то 57 кг, то 63 кг, то 70 кг, то 78 кг, беш аз 78 кг) миёни духтарон барпо мегардад.

Барои медалҳо варзишгарони 18 кишвар -Тайван, Ҳонконг, Ҳиндустон, Эрон, Ҷопон, Қазоқистон, Кувайт, Қирғизистон, Макао, Муғулистон, Непал, Покистон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Сурия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Ветнам - мубориза мебаранд.

Шумораи умумии варзишгарон - 174: 106 писар ва 68 духтар.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG