Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони синашон то 22-сола таркиб ёфтааст, таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов рӯзи 10-уми июл дар шаҳри Ал-Айн бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом дод.
Ин бозӣ, ки дар доираи омодагии футболбозони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 байни мунтахабҳои ҷавонони то 23-сола дар варзишгоҳи «Таҳнун Бин Муҳаммад»-и шаҳри Ал-Айни ИМА баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳисобро дар дақиқаҳои охири нимаи аввали дидор Шоҳин Суроур Сайф Ал-Дармакӣ, бозигари ИМА, боз кард. Голи дувуми мизбононро дар дақиқаи 67-ум Алӣ Ид Амир Ал-Яҳё ба ҳадаф расонд. Баъди шаш дақиқа Шаҳром Самиев, ки дар нимаи дувуми дидор ба майдон омад, ҳисобро тағйир дод. Минбаъд футболбозони тоҷик ҳарчанд барои баробар кардани ҳисоб кӯшиши зиёд карданд, вале муроде ҳосил нашуд. Ҳамин тариқ, ин бозии дӯстона бо пирӯзии мунтахаби ИМА бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.
Бозии дӯстона
ИМА (U-22) – ТОҶИКИСТОН (U-22) – 2:1
Голҳо: Шоҳин Суроур Сайф Ал-Дармакӣ, 43 (1:0). Алӣ Ид Амир Ал-Яҳё, 67 (2:1). Шаҳром Самиев, 73 (2:1).
Тоҷикистон (U-22): Беҳрӯз Хайриев (Фатҳулло Бобоев, 46), Зоир Ҷӯрабоев (Доробҷон Эргашев, 70), Табрези Давлатмир (Далер Умаров, 64), Азимҷон Раҳмонов (Фаррух Фузайлов, 56), Ойбек Абдуғаффоров (Зиёвуддин Фузайлов, 46), Фирдавс Чақалов (Ваҳдат Ханонов, 46), Кароматулло Саидов (Мӯҳсинҷон Парпиев, 46), Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Самиев, 58), Нозим Бобоҷонов (Вайсиддин Сафаров, 61), Муҳаммадҷони Ҳасан (Худойдод Узоқов, 56), Шериддин Бобоев (Амирҷон Сафаров, 46).
Сардовар: Султон Абдураззоқ Ал-Марзукӣ (ИМА).
10 июл. Ал-Айн (ИМА). Варзишгоҳин «Таҳнун Бин Муҳаммад». 200 тамошогар.
Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ИМА то рӯзи 16-уми июл идома меёбад. Сипас футболбозони ҷавони тоҷик ба шаҳри Уммон cафар карда, аз онҷо тавассути марзи Исроил ба шаҳри Ҳеврони Фаластин мераванд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23), ки аз 19 то 23 июл дар Ҳеврон барпо мегардад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Фаластин (19 июл), Бангладеш (21 июл) ва Урдун (23 июл) рақобат мекунад.
Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23), ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир хоҳад шуд, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи ҷойҳои дувумро ишғолкарда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин ширкат меварзанд.
Бояд гуфт, ки мунтахаби Чин дар мусобиқаи интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Чин дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум қарор бигирад, онгоҳ дастаи шашум,ки дар мусобиқаи интихобӣ ҷойи дувумро мегирад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мешавад.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22):
Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Ҳосилот»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»), Дилшод Додобоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Азимҷон Раҳмонов («Вахш»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»), Фаррух Фузайлов («Панҷшер»);
Нимҳимоятгарон: Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн), Мӯҳсинҷон Парпиев, Кароматулло Саидов (ҳарду – «Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Вайсиддин Сафаров («Сомон»), Далер Умаров, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»);
Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарсе – «Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.
Точикистон дар асл дар се чихат мутахами сахт аст. Яъне аз тарафи Муҳоҷирои меҳнатӣ- Руссия, Карзи 3 милиарда -Хитой, Суратхисобхои хоричии авлод - Давлатхои Аврупо ва Амрико.
Хами Хамрохон Зарифи бо кадом руш гап мезанад.Аввал чавоби ба Хитой замини додагира бута
Дар нохияи Девашт аз номи Дииш ТАШКИЛОТИ ТЕРОРИСТИ Чиноят карда забонхат монд дар чойи ходиса лекин ба чавобгари кашида нашуд.Хол он ки шахси чиноятсодиркарда Шахсияташ ба макомотхо аник аст.
Фикри соф ғуломи, аммо дигар чизро аз ин миллат интизор буду ҳам наметавони.
Озоди ҳама корат хуб, аммо саволҳоро бояд дигар гуна ба майдон мони! - Бипурс, ки оё мардуми ин деҳа ҷои кори муаян дорад? Оё даромаде дорад? Аз куҷо зиндагиашро пеш мебарад. - оё ин мардум бо хонаву дар таъмин аст? - оё ин мардум ба хизмати тиббиву психологи дастраси дорад? - оё барқ дорад, об дорад? - бипурс, ки дар давлате, ки нафақа дар як моҳ 100 сомон асту нархи гушт 75 сомон, мардум чи гуна зинадаги кунад? - бипурс, ки оё ҳама имкони хондану ба зиндагии беҳтар дасрас шуданро доранд, ё зиндагии беҳтар танҳо ба фарзандони раисон насиб шудаву, боқи ҳама дохунда.