Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони синашон то 22-сола таркиб ёфтааст, таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов рӯзи 9-уми июл дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ кард.
Ин ҷамъомад дар доираи омодагии даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 байни мунтахабҳои ҷавонони то 23-сола, ки аз 19 то 23 июли соли равон дар Фаластин барпо мегардад, доир шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар дувумин ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар – ширкат доранд.
Футболбозони ҷавони тоҷик бегоҳи имрӯз, 10 июл, дар Ал-Айн бо дастаи олимпии Имороти Муттаҳидаи Араб (U-23) бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Таҳнун Бин Муҳаммад Стэдиум» соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ (19:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Пас аз анҷоми ҷамъомад дар ИМА, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба шаҳри Уммон cафар карда, аз онҷо тавассути марзи Исроил ба шаҳри Ҳеврони Фаластин меравад.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23), ки аз 19 то 23 июл дар Ҳеврон барпо мегардад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Фаластин (19 июл), Бангладеш (21 июл) ва Урдун (23 июл) рақобат мекунад.
Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23), ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир хоҳад шуд, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи ҷойҳои дувумро ишғолкарда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин ширкат меварзанд.
Бояд гуфт, ки мунтахаби Чин дар мусобиқаи интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Чин дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум қарор бигирад, онгоҳ дастаи шашум,ки дар мусобиқаи интихобӣ ҷойи дувумро гирифтааст, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳхат мегирад.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22):
Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Ҳосилот»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»), Дилшод Додобоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Азимҷон Раҳмонов («Вахш»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»), Фаррух Фузайлов («Панҷшер»);
Нимҳимоятгарон: Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн), Мӯҳсинҷон Парпиев, Кароматулло Саидов (ҳарду – «Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Вайсиддин Сафаров («Сомон»), Далер Умаров, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»);
Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарсе – «Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.
салом радиои озоди хамааш хакикат аст..вкд мекунанд чунин рафторо ман бовар дорам чунки ман хакикатро дидаам манро низ чунин карданд.
Дигар ҳама сабзавот гаштанд. Мебинен 27 сол равонаи зиндон мешавад.
ман хамчу як шахрванди точикистон ба акаи изат амон озоди хохонам . бисёри навороша дидам ба худо гиря кардам !
Иззат Амон кахрамони миллати точик. Ягона точикеки баьди поши шурави унвони кахрамониро аз тарафи мардум оди гирифт. Озоди БА ИЗЗАТ АМОН.
Чи дуруг гуфта худата кулоби мегири? Аз гапот малумайки як фермаи чавоби, тарзе гап мезаники гуё хами минтакаи кулоб хама тарафдори хукуматай. Ина мА аз Кулобм мисли садхо хазор кулоби аз ранги хукуматдоро безорм. Аз номи кулобихо нанавесен гапои дуруг. Ту пистолет гардонира як тараф мон агар як таёк гирад мардум шаваки хамат тарафи туркия мегрезан. Ки бдани шмора сад фоиз медонем. Хозир шукрона мо точик мегем на инки кулобу гарму бадахшон, ва шумо чоплусо сахт аз якчоягии миллат метарсен. Дар охир хамдарди аз мардуми кулоб ба ахлу оилаи хамин чавони кушташуда.