Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон – ғолиби мусобиқаи "CAFA U-15 Boys Tournament 2017"


Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасони то 15-сола бо номи “CAFA Under-15 Boys Tournament 2017” шаби 8-уми июл бо пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони футболи Афғонистон ба анҷом расид.

Дастаи ғолиби ин мусобиқа, ки аз 3-юм то 8-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид, дар даври охирин маълум шуд. Дар бозии ҳалкунанда тими наврасони Афғонистон мунтахаби Узбакистонро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Дар бозии дигар мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии панҷ даври мусобиқа ду даста – Афғонистон ва Узбакистон - 9-имтиёзӣ гирифтанд. Вале бо назардошти он ки дар бозӣ миёни ҳарду даста футболбозони афғон бар ҳамсолони худ аз Узбакистон пирӯз шудаанд, мақоми аввалро тими Афғонистон азони худ кард. Ба дастаи ғолиб ҷом ва медалҳои тилло супурда шуд. Медалҳои нуқра насиби мунтахаби Узбакистон гардид. Дастаи Туркманистон, ки бо 6 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дастаҳои мунтахаби наврасони Қирғизистону Тоҷикистон сеимтиёзӣ ба даст оварданд. Мунтахаби Қирғизистон, ки бар дастаи Тоҷикистон ғолиб омадааст, ҷойи чорумро соҳибӣ кард. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шуд.

Футболбоони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов аз чор бозӣ дар сетоаш аз дастаҳои Афғонистон (1:3), Узбакистон (1:2) ва Қирғизистон (0:2) шикаст хӯрда, танҳо дар бозии охирин бар тими Туркманистон (3:1) ғолиб омаданд.

Шумқорбек Топчубоев аз дастаи Қирғизистон беҳтарин дарвозабони мусобиқаи «CAFA U-15 Boys Tournament 2017» эътироф шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба ҳамлагари дастаи Узбакистон Буронбек Мирзосалимов, ки панҷ гол задааст, эҳдо гардид. Шерзод Дадабоев, нимҳимоятгари мунтахаби наврасони Тоҷикистон, бо ҷоизаи бозигари аз ҳама боарзиш сарфароз гашт.

Ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд, аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат буд. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои зиёди ба даст овардааш маълум шуд. Дар ин мусобиқа ҳамагӣ даҳ бозӣ барпо гардид.

«CAFA U-15 Boys Tournament 2017»

Даври 5-ум

АФҒОНИСТОН – УЗБАКИСТОН – 3:2

Голҳо: Самир Самандарӣ, 6 (1:0). Ҳусайн Норчаев, 39 (1:1). Аҳмад Тамим Мирзода, 48 (2:1). Сайес Афғар Ҳусайнӣ, 78 (3:1). Алибек Давронов, 83 (3:2).

Сардовар: Спартак Даниленко (Қирғизистон).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Санҷар Ризоев (Узбакистон).

8 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 800 тамошогар.

ТУРКМАНИСТОН – ТОҶИКИСТОН – 1:3

Голҳо: Файзиддин Назаров, 9 (0:1). Фарҳод Бобохонов, 10 (0:2). Мейлис Дурдиев, 12 (1:2). Фарҳод Бобохонов, 85 (1:3).

Сардовар: Шерзод Ҳалим Оғо (Афғонистон).

Нозири доварон: Виктор Колпаков (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Олим Орифов (Узбакистон).

8 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 3500 тамошогар.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои мусобиқаи "CAFA Under-15 Boys Tournament 2017":

Даври 1-ум

3 июл (душанбе)

Қирғизистон – Узбакистон -1:2

Афғонистон – Тоҷикистон – 3:1

Даври 2-юм

4 июл (сешанбе)

Қирғизистон – Афғонистон – 1:3

Узбакистон – Туркманистон – 6:2

Даври 3-юм

5 июл (чоршанбе)

Туркманистон – Қирғизистон – 3:0

Тоҷикистон – Узбакистон – 1:2

Даври 4-ум

7 июл (ҷумъа)

Афғонистон – Туркманистон – 0:1

Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:2

Даври 5-ум

8 июл (шанбе)

18:00 – Узбакистон – Афғонистон – 2:3

21:00 – Туркманистон – Тоҷикистон – 1:3

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Афғонистон

4

3

0

1

9-5

9

2

Узбакистон

4

3

0

1

12-7

9

3

Туркманистон

4

2

0

2

7-9

6

4

Қирғизистон

4

1

0

3

4-8

3

5

Тоҷикистон

4

1

0

3

5-8

3

XS
SM
MD
LG