Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали Сорбон дар мусобиқаи раиси ҷумҳури Қазоқистон


Сорбон Латифов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки рӯзҳои 6-8-уми июл дар шаҳри Остона баргузор шуд, ду медали нуқра ба даст овард.

Дар сабқати самбои размӣ, ки танҳо байни мардон сурат гирифт, дар ҳисоби дастаӣ Қазоқистон ҷойи аввал, Узбакистон ҷойи дувум, Русия ҷойи севум ва Тоҷикистон ҷойи чаҳорумро ишғол намуд.

Паҳлавони тоҷик дар рӯзи дувуми мусобиқа – 7-уми июл – дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни зери 62 кило баъди ду пирӯзӣ бар Мироншоҳ Асадуллоев (Узбакистон) ва Тайбек Умаров (Қазоқистон) ба финал баромад. Вале Сорбон дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Казбек Супайгалиеви қазоқ мағлуб гашт ва мақоми дувумро касб кард.

Медали дувумро Сорбон Латифов дар рӯзи севуми мусобиқа – 8-уми июл – дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар вазни зери 62 кило ба даст овард. Ӯ дар нахустин қувваозмоияш Роман Козлови русиягиро шикаст дод. Баъдан бар Айдос Ахметови қазоқ пирӯз шуд. Вале Сорбон дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири дигари Қазоқистон Йессат Куанов мағлуб гашт ва барои мақоми дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Маҳмуд Абдуллоев ва Сорбон Латифов
Маҳмуд Абдуллоев ва Сорбон Латифов

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, сардовари ин мусобиқа аз Тоҷикистон, бегоҳи 8-уми июл хабар дод. Вай гуфт, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 200 варзишгар (мардону занон) аз 16 кишвари ҷаҳон (Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Руминия, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Ҷопон) барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ мубориза бурданд.

Ба иттилои Абдуллоев, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ба ҷуз Сорбон Латифов, боз як паҳлавони тоҷик – Суруш Каримов – намояндагӣ кард. Ӯ дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 82 кило рӯзи 8-уми июл вориди рақобат шуд. Суруш дар аввалин қувваозмоияш бар Еркебулан Калеши қазоқ ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Руслан Заркинбоев (Қазоқистон) ноком гардид. Паҳлавони тоҷик қувваозмоиро барои ҷойи севум ба Ваган Чалян аз Арманистон бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Дар сабқати самбои варзишӣ дар ҳисоби дастаӣ байни мардон Гурҷистон дар ҷойи аввал, Қазоқистон дар ҷои дувум ва Русия дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон чорум шуд.

Дар сабқати самбои варзишӣ дар ҳисоби дастаӣ миёни занон Қазоқистон ҷойи аввал, Русия ҷойи дувум ва Гурҷистон ҷойи севумро касб карданд.

Дар сабқати самбои размӣ, ки танҳо байни мардон сурат гирифт, дар ҳисоби дастаӣ Қазоқистон ҷойи аввал, Узбакистон ҷойи дувум, Русия ҷойи севум ва Тоҷикистон ҷойи чаҳорумро ишғол намуд.

XS
SM
MD
LG