Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар бозии севумаш дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасони то 15-сола бо номи “CAFA Under-15 Boys Tournament 2017” аз тими наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шаби 7-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид. Голҳоро Актан Берекеев дар нимаи аввали дидор ва Еркинбек уулу Қувватбек дар нимаи дувум ба ҳадаф расонданд.

Мунтахаби Тоҷикистон (сармураббиаш Зайниддин Раҳимов), ки имтиёз ба даст наовардааст, дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар бозии дигари даври чаҳорум мунтахаби наврасони Туркманистон тими Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Азим Қиличмуродов дар дақиқаи 46-ум зад.

Ба ин тартиб, баъд аз натиҷагирии чаҳор давр дар ҷадвали мусобиқа мунтахаби Узбакистон, ки дар ҳарсе бозиаш пирӯз шудааст, бо 9 имтиёз пешсаф аст. Мунтахаби Туркманистон бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Тими Афғонистон низ 6 имтиёз дорад, вале бо назардошти натиҷаи бозӣ бо мунтахаби Туркманистон мақоми севумро касб кардааст. Дастаи Қирғизистон, ки бозиҳояшро ба анҷом расонд, бо 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Вале мунтахаби Тоҷикистон (сармураббиаш Зайниддин Раҳимов), ки имтиёз ба даст наовардааст, дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар даври панҷум ва охирини мусобиқа, ки имрӯз, 8-уми июл, доир мешавад, дастаи ғолиб муайян хоҳад шуд. Узбакистон бо Афғонистон (оғози бозӣ – соати 18:00 ) ва Туркманистон бо Тоҷикистон (оғози бозӣ – соати 21:00) рақобат мекунанд.

Ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шудааст, аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои зиёди ба даст овардааш маълум мешавад. Дар ин мусобиқа ҳамагӣ даҳ бозӣ барпо мегардад.

"CAFA U-15 Boys Tournament 2017"

Даври 4-ум

Афғонистан – Туркманистон – 0:1

Гол: Азим Қиличмуродов, 46.

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Тоҷикистон).

Нозири доварон: Виктор Колпаков (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Олим Орифов (Узбакистон).

7 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошогар.

Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:2

Голҳо: Актан Берекеев, 36 (0:1). Еркинбек уулу Қувватбек, 64 (0:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Мирланбек Худойбердиев (Қирғизистон), 87 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Ҷасур Мухторов (Узбакистон).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Санҷар Ризоев (Узбакистон).

7 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 3500 тамошогар.

Тақвими бозиҳои мусобиқаи "CAFA Under-15 Boys Tournament 2017":

Даври 1-ум

3 июл (душанбе)

Қирғизистон – Узбакистон -1:2

Афғонистон – Тоҷикистон – 3:1

Даври 2-юм

4 июл (сешанбе)

Қирғизистон – Афғонистон – 1:3

Узбакистон – Туркманистон – 6:2

Даври 3-юм

5 июл (чоршанбе)

Туркманистон – Қирғизистон – 3:0

Тоҷикистон – Узбакистон – 1:2

Даври 4-ум

7 июл (ҷумъа)

Афғонистон – Туркманистон – 0:1

Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:2

Даври 5-ум

8 июл (шанбе)

18:00 – Узбакистон – Афғонистон

21:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG