Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Нурсултон Назарбоев


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон

Сорбон Латифов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба самбои размӣ барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки дар шаҳри Остона ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард.

Паҳлавони тоҷик дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни зери 62 кило баъди ду пирӯзӣ бар Мироншоҳ Асадуллоев (Узбакистон) ва Тайбек Умаров (Қазоқистон) ба финал баромад. Вале Сорбон дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Казбек Супайгалиеви қазоқ мағлуб гашт ва мақоми дувумро касб кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, сардовари ин мусобиқа аз Тоҷикистон, шоми 7-уми июл хабар дод. Вай гуфт, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 200 варзишгар (мардону занон) аз 16 кишвари ҷаҳон (Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Руминия, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Ҷопон) барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ мубориза мебаранд.

Ба иттилои оқои Абдуллоев, дар ин мусобиқа ба ҷуз Сорбон Латифов, боз як паҳлавони тоҷик – Суруш Каримов – ширкат дорад. Ӯ дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 82 кило рӯзи 8-уми июл вориди рақобат мешавад. Инчунин Сорбон Латифов рӯзи шанбе дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 62 кило рақобат мекунад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG