Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои Афғонистону Эрон рақобат мекунад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бар асоси ҳуҷҷати расмии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал дар гурӯҳи “В” аз 15-ум то 17-уми октябри соли равон дар шаҳри Табризи Эрон маргузор мешавад.
Мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Эрон 15-уми октябр оғоз меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобӣ 16-уми октябр муқобили тими Афғонистон анҷом медиҳад.
Сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “В” бо бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон рӯзи 17-уми октябр ба поён мерасад. Ду дастаи беҳтарини ин гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6-ум то 18-уми феврали соли 2018 баргузор мешавад, роҳ меёбад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал. Сабқати интихобӣ
Минтақаи ҷанубӣ ва марказӣ. Гурӯҳи «В»
Макон – Табриз, Эрон.
Даври 1-ум
15 октябр (якшанбе)
Афғонистон – Эрон
Даври 2-юм
16 октябр (душанбе)
Тоҷикистон – Афғонистон
Даври 3-юм
17 октябр (сешанбе)
Эрон – Тоҷикистон
Калимаи «мусулЬмон» дар забони точики бе аломати чудои навишта мешавад. Умуман дар алфавити имрузаи точики аломати чудои вучуд надорад.
Бобои ман дар 83 солагиш вафот кард айби духтурокати фавтидабоша набошад бояд у соф намемурд дуневон меистод.
Шумо чинро монед точикистон ки 90 фоизаш мусульмон хаст ин кадар тахкиру тухмат нисбати мусульмонхост. барои риш чарима барои сатр чарима барои масчит рафтан чарима бо садхо чаримаи дигар барои мусульмонхост
Инаш видео дар бораи касали рӯҳӣ ду оштанаш пахш накардааст то ҳол мӣ?
Ачоиб намедонам Чи гуям? Худкуши ин халоси нест писарчон. Танхо одамони иродаи бенихоят суст дошта ин худкуши мекунанд. Худо ба шукр ки аз дасти марг начот ефти. Набошад чор фарзанди ту чи кор мекарданд? Охир ту мард хасти ку?! Аз тарафи дигар вакте касро дар мачлис паст мезананд ва гапхои сахт мезананд дар хакикат касро рухан мешиканад, Чун ман хам муаллима кор кардаам. Халки мо як оплати хеле бад доранд, фикр мекунанд дар пеши одамон шарманда куни ислох мешавад, ки ин тамоман нодуруст аст.