Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA 12 зина поин шуд


Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 6-уми июл, нашр шудааст, дувоздаҳ зина поин рафт ва дар байни 211 кишвар дар ҷойгоҳи 149-ум қарор гирифтааст.

Олмон дар феҳристи нави ФИФА дар ҷойи аввал аст. Бразилия дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё мақоми 28-умро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 23-юм) мебошад.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (25-ум), Русия (62-юм) ва Узбакистон (65-ум) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Молдова (158-ум) пеш аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон наздиктарин бозиашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 5-уми сентябр дар шаҳри Катманду муқобили мунтахаби Непал, ки дар феҳристи FIFA дар мақоми 170-ум қарор дорад, анҷом медиҳад.

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад. Феҳристи навбатии ФИФА 10-уми август нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG