Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Узбакистон ҳам шикаст хӯрд


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасони то 15-сола бо номи «CAFA Under-15 Boys Tournament 2017» аз тими наврасони Узбакистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ шаби чоршанбеи 5-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Буронбек Мирзосалимов, бозигари мунтахаби Узбакистон, дар дақиқаи 60-ум ҳисобро боз кард. Баъди нӯҳ дақиқа ӯ тӯби дувумро ба дарвозаи мизбонон ворид намуд. Алишер Раҳимов, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 70-ум ҳисобро тағйир дод.

Дар бозии дигари даври севум мунтахаби наврасони Туркманистон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Темур Полвонов дар нимаи аввали дидор ду гол зад. Голи севуми туркманҳоро Ҳамро Гуҷиков дар оғози нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 69-ум барои корти дувуми зард Сергей Шиповский, бозигари мунтахаби Қирғизистон, аз майдон хориҷ шуд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се давр дар ҷадвали мусобиқа мунтахаби Узбакистон, ки дар ҳарсе бозиаш пирӯз шудааст, бо 9 имтиёз пешсаф аст. Тими Афғонистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб кардааст. Мунтахаби Туркманистон бо се имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Вале дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон имтиёз ба даст наовардаанд.

6-уми июл барои дастаҳо рӯзи истироҳат аст. Дар даври чаҳорум, ки рӯзи ҷумъаи 7-уми июл доир мешавад, Афғонистон бо Туркманистон (оғози бозӣ – соати 18:00 ) ва Тоҷикистон бо Қирғизистон (оғози бозӣ – соати 21:00) рақобат мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шудааст, дастаҳои мунтахаби наврасони панҷ кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон - то рӯзи 8-уми июл рақобат мекунанд.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои зиёди ба даст овардааш маълум мешавад. Дар ин мусобиқа ҳамагӣ даҳ бозӣ барпо мегардад.

«CAFA U-15 Boys Tournament 2017»

Даври 4-ум

Тоҷикистон – Узбакистон – 1:2

Голҳо: Буронбек Мирзосалимов, 60 (0:1). Буронбек Мирзосалимов, 69 (0:2). Алишер Раҳимов, 70 (1:2).

Тоҷикистон: Муҳаммадзафар Қурбонов, Меҳрубони Ғаффор, Алинур Ниёзбеков, Фирӯзҷони Шамсуддин, Зӯҳриддин Фузайлов, Файзиддин Назаров (Довуд Ҳакимов, 67), Шерзод Дадабоев, Меҳроб Шоев (Муҳаммадҷон Ризомов, 46), Ҷамшед Сатторов (Ҷамшедҷон Оқилов, 67), Алишер Раҳимов, Муҳаммадалӣ Маҳмудов (Умедҷон Рамазонов, 57).

Сардовар: Ҷумъамурад Ҷумъамуродов (Туркманистон).

Нозири доварон: Виктор Колпаков (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Олим Орифов (Узбакистон).

5 июл. Ҳисор. Врзишгоҳи марказӣ. 1600 тамошогар.

Туркманистон – Қирғизистон – 3:0

Голҳо: Темур Полвонов, 3 (1:0). Темур Полвонов, 27 (2:0). Ҳамро Гуҷиков, 47 (3:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Сергей Шиповский (Қирғизистон), 69 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Шерзад Ҳалим (Афғонистон).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Санҷар Ризоев (Узбакистон).

5 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 700 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбакистон

3

3

0

0

10-4

9

2

Афғонистон

2

2

0

0

6-2

6

3

Туркманистон

2

1

0

1

5-6

3

4

Тоҷикистон

2

0

0

2

2-5

0

5

Қирғизистон

3

0

0

3

2-8

0

Тақвими бозиҳои мусобиқаи «CAFA Under-15 Boys Tournament 2017»

Даври 1-ум

3 июл (душанбе)

Қирғизистон – Узбакистон -1:2

Афғонистон – Тоҷикистон – 3:1

Даври 2-юм

4 июл (сешанбе)

18:00 – Қирғизистон – Афғонистон – 1:3

21:00 – Узбакистон – Туркманистон – 6:2

Даври 3-юм

5 июл (чоршанбе)

18:00 – Туркманистон – Қирғизистон – 3:0

21:00 – Тоҷикистон – Узбакистон – 1:2

Даври 4-ум

7 июл (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Туркманистон

21:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

8 июл (шанбе)

18:00 – Узбакистон – Афғонистон

21:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG