Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Афғонистон ва Узбакистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Ҳисор


Дастаҳои мунтахаби наврасони футболи Узбакистон ва Афғонистон дар даври дувуми мусобиқаи байнулмилалӣ миёни наврасони то 15-сола бо номи «CAFA Under-15 Boys Tournament 2017», ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҷараён дорад, боз пирӯзӣ ба даст оварданд.

Рӯзи 4-уми июл нахуст футболбозони навраси Афғонистон бо мунтахаби Қирғизистон рӯбарӯ шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Се голи дастаи ғолибро Самир Самандарӣ, Фардин Носирӣ ва Аҳмад Тамин Мирзода ба ҳадаф расонданд. Голи ягонаи қирғизҳо ба Мирланбек Худойбердиев мутааллиқ аст.

Дар бозии дувуми шаби сешанбе мунтахаби наврасони Узбакистон дастаи Туркманистонро бо ҳисоби бузурги 6:2 шикаст дод. Ду голи мунтахаби Узбакистонро Буронбек Мирзосалимов ба самар расонд. Бектемур Абдуманнонов, Нурбек Аҳрорбеков ва Ҷасурбек Қаҳҳорҷонов якголӣ заданд. Боз як голро Ҳамро Гуҷиков, бозигари туркман, ба дарвозаи дастаи худ зад.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои Узбакистон ва Афғонистон бо шашимтиёзӣ пешқадаманд. Дастаҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон то ҳоло имтиёз ба даст наовардаанд.

Имрӯз, 5-уми июл, ду бозии даври севум барпо мегардад. Нахуст дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Туркманистон вориди рақобат мешаванд. Сипас мунтахаби Тоҷикистон бо пешсафи мусобиқа – Узбакистон - рақобат мекунад.

«CAFA U-15 Boys Tournament 2017»

Даври 2-юм

Қирғизистон – Афғонистан – 1:3

Голҳо: Самир Самандарӣ, 36 (0:1). Мирланбек Худойбердиев, 46 (1:1). Фардин Носирӣ, 54 (1:2). Аҳмад Тамин Мирзода, 57 (1:3).

Сардовар: Ҷумъамурод Ҷумъамуродов (Туркманистон).

Нозири доварон: Виктор Колпаков (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Олим Орифов (Узбакистон).

4 июл. Ҳисор. Варзиҳгоҳи марказӣ. 900 тамошогар.

Узбакистан – Туркманистон – 6:2

Голҳо: Бектемир Абдуманнонов, 42 – аз пеналтӣ (1:0). Ҳамро Гуҷиков, 44 – ба дарвозаи худ (2:0). Буронбек Мирзосалимов, 46 (3:0). Нурбек Аҳрорбеков, 50 (4:0). Темур Полвонов, 58 (4:1). Ҷасурбек Қаҳҳорҷонов, 62 (5:1). Ораз Оразов, 75 (5:2). Буронбек Мирзосалимов, 77 (6:2).

Сардовар: Спартак Даниленко (Қирғизистон).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Санҷар Ризоев (Узбакистон).

4 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1100 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбакистон

2

2

0

0

8-3

6

2

Афғонистон

2

2

0

0

6-2

6

3

Тоҷикистон

1

0

0

1

1-3

0

4

Туркманистон

1

0

0

1

2-6

0

5

Қирғизистон

2

0

0

2

2-5

0

Тақвими бозиҳои мусобиқаи «CAFA Under-15 Boys Tournament 2017»

Даври 1-ум

3 июл (душанбе)

Қирғизистон – Узбакистон -1:2

Афғонистон – Тоҷикистон – 3:1

Даври 2-юм

4 июл (сешанбе)

18:00 – Қирғизистон – Афғонистон – 1:3

21:00 – Узбакистон – Туркманистон – 6:2

Даври 3-юм

5 июл (чоршанбе)

18:00 – Туркманистон – Қирғизистон

21:00 – Тоҷикистон – Узбакистон

Даври 4-ум

7 июл (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Туркманистон

21:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

8 июл (шанбе)

18:00 – Узбакистон – Афғонистон

21:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG