Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Абдуллоев сардовари як мусобиқаи байналмилалӣ таъин шуд


Аз 6 то 9 июл дар шаҳри Остона мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузор мешавад.

Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS) мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоевро сардовари ин мусобиқа таъин кардааст. Ин довари маъруф, ки узви кумитаи иҷроияи FIAS мебошад, рӯзи 29-уми июни соли равон дар кунгураи Иттиҳоди самбои Осиё, ки дар шаҳри Тошканд барпо гардид, дубора муовини аввали раиси ин созмони варзишии қитъавӣ интихоб шудааст.

Довари дараҷаи байнулмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев рӯзи 5 июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мусобиқаи анъанавӣ ҳудуди 400 варзишгари беш аз 20 кишвари ҷаҳон барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ мубориза мебаранд.

Ба иттилои оқои Абдуллоев, дар ин мусобиқа ширкати паҳлавонони тоҷик низ дар назар аст. Ӯ гуфт, ки Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, соли 2015 дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон медали тилло ба даст оварда буд.

Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 57 кило, ки бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад, дар қувваозмоии ниҳоӣ Алмос Сулаймонови қазоқро шикаст дод. Акмалиддин бо ҷоизаи “Барои ирода баҳри ғалаба” ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ, инчунин ҳамчун ғолиби мусобиқа бо мукофотпулӣ ба маблағи 1000 доллар мукофотонида шуд.

Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон

Дараҷаҳои вазнҳо:

Самбои варзишӣ
Мардон (52 кг, 57 кг, 62 кг, 68 кг, 74 кг, 82 кг, 90 кг, 100 кг, +100 кг)
Занон (48 кг, 52 кг, 56 кг, 60 кг, 64 кг, 68 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг)
Самбои размӣ

Мардон (52 кг, 57 кг, 62 кг, 68 кг, 74 кг, 82 кг, 90 кг, 100 кг, +100 кг)

Барномаи мусобиқот:

6 июл

Рақобатҳои пешакӣ

мардон: 52 кг, 68 кг, 90 кг;

занон: 48 кг, 60 кг, 72 кг;

самбои размӣ: 57 кг, 74 кг,100 кг:

Маросими ифтитоҳи мусобиқот

Қувваозмоиҳои ниҳоӣ, мукофотсупорӣ

7 июл

Рақобатҳои пешакӣ

мардон: 57 кг, 74 кг, 100 кг;

занон: 52 кг, 64 кг, 80 кг;

самбои размӣ: 62 кг, 82 кг, +100 кг:

Қувваозмоиҳои ниҳоӣ, мукофотсупорӣ

8 июл

Рақобатҳои пешакӣ

мардон: 62 кг, 82 кг, +80 кг;

занон: 56 кг, 68 кг, 80 кг;

самбои размӣ: 52 кг, 68 кг, 90 кг:

Қувваозмоиҳои ниҳоӣ, мукофотсупорӣ

XS
SM
MD
LG