Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони синашон то 23-сола таркиб ёфтааст, таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин ҷамъомад дар доираи омодагии даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 байни мунтахабҳои ҷавонони то 23-сола, ки аз 19 то 23 июли соли равон дар Фаластин барпо мегардад, доир шудааст.

Ба аввалин ҷамъомади таълимиву тамринӣ сармураббӣ Ҳаким Фузайлов 25 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.

Пас аз анҷоми ҷамъомад дар Душанбе мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба шаҳри Дубай cафар карда, омодагиро ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 идома хоҳад дод. Рӯзи 10 июл футболбозони ҷавони тоҷик дар Дубай бо дастаи олимпии Имороти Муттаҳидаи Араб (U-23) бозии дӯстона анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 19 то 23 июл дар шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Фаластин (19 июл), Бангладеш (21 июл) ва Урдун (23 июл) рақобат мекунад.

Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи ҷойҳои дувумро ишғолкарда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Чин дар мусобиқаи интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Чин дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум қарор бигирад, онгоҳ дастаи шашум,ки дар мусобиқаи интихобӣ ҷойи дувумро гирифтааст, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳхат мегирад.

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23):

Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Ҳосилот»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»), Дилшод Додобоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Азимҷон Раҳмонов («Вахш»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»), Фаррух Фузайлов («Панҷшер»);

Нимҳимоятгарон: Нозим Бобоҷонов (СК «Баҳрайн», Баҳрайн), Мӯҳсинҷон Парпиев, Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров (ҳрсе – «Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Вайсиддин Сафаров («Сомон»), Умарҷон Шарифов, Далер Умаров, Худойдод Узоқов (ҳарсе – «Вахш»);

Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарсе – «Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

XS
SM
MD
LG