Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ду рӯз дар Тоҷикистон 6 нафар ғарқ шудаанд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар муддати ду рӯзи гузашта дар кишвар дар маҷмӯъ 6 нафар бинобар беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расидаанд ва дар байни онҳо як духтар низ ҳаст.

Вазорати умури дохилӣ рӯзи 3-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, танҳо дирӯз дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 3 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд ва ҷустӯҷуи ҷасади ду нафар то кунун идома дорад. Ба гуфтаи вазорат, “аз ҷумла, 2-юми июл сокини 26-солаи деҳаи Садоқати ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Кофарниҳон” аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи вазорат, дар ҳамин рӯз духтари 22-солае аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Вахш” аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасад. Қурбонии дигари беэҳтиёӣ ҳангоми шиноварӣ як сокини 14-солаи Ёвон будааст, ки дар канали обгузари назди манзили истиқоматиашон ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохилӣ ҳамчунин аз ҳалокати як ҷавони 17 сола аз ноҳияи Данғара ва ду писари ноболиғ яке 14-сола ва дигарӣ 9 -сола аз шаҳри Исфара хабар додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, сабабҳои асосии ғарқшавии одамон дар дарёву кӯл ва обанборҳо риоя накардани қоидаҳои шино, оббозӣ ҳангоми мастиву сархушӣ, надонистани шиноварӣ, оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок ва беаҳамиятии кӯдакон волидон ба кӯдакон аст.

XS
SM
MD
LG