Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор


Имрӯз, 3-юми июл, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасони то 15-сола бо номи «CAFA Under-15 Boys Tournament 2017» таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ шуруъ мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони панҷ кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон - то рӯзи 8-уми июл рақобат мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ тими мунтахаби наврасони Эрон аз ширкат дар ин мусобиқа даст кашидааст.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои зиёди ба даст овардааш маълум мешавад. Дар ин мусобиқа ҳамагӣ даҳ бозӣ барпо мегардад.

Тақвими бозиҳои мусобиқаи «CAFA Under-15 Boys Tournament 2017»

Даври 1-ум

3 июл (душанбе)

18:00 – Қирғизистон – Узбакистон

21:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

4 июл (сешанбе)

18:00 – Қирғизистон – Афғонистон

21:00 – Узбакистон – Туркманистон

Даври 3-юм

5 июл (чоршанбе)

18:00 – Туркманистон – Қирғизистон

21:00 – Тоҷикистон – Узбакистон

Даври 4-ум

7 июл (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Туркманистон

21:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

8 июл (шанбе)

18:00 – Узбакистон – Афғонистон

21:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG