“Истиқлол”-и Душанбе пешсафи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олист. Қаҳрамони феълии кишвар - “Истиқлол” - дар бозии мавқуфгузоштаи даври ҳаштум, ки рӯзи 29-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамакнун дар мусобиқаи лигаи олӣ танаффус эълон шудааст.
Нимаи аввали ин дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Ҳимоятгари меҳмонон Хуршед Бекназаров дар дақиқаи 45-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Чаҳор голи дигари “Истиқлол”-ро Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Манучеҳр Ҷалилов ва Дилшод Восиев дар нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонданд. Табрези Давлатмир, бозигари “Истиқлол”, дар дақиқаи 77-ум тӯбро ба дарвозаи дастаи худ равона кард.
Ба ин тартиб, “Истиқлол”, ки дар 13 бозӣ 33 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Шогирдони Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 10 бозӣ пирӯз шуда, се бозиро бо натиҷаи мусовӣ анҷом додаанд. Зимнан, “Истиқлол” ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад.
Дастаҳои «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд ва ССКА «Помир»-и Душанбе, ки нисбат ба пешсаф 12 имтиёз камтар гирифтаанд, мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо 16 имтиёз ҷойи чаҳорумро касб кардааст.
Дар байни нишонзанҳо ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов, ки 13 гол задааст, дар ҷойи аввал мебошад. Ду ҷойи баъдиро ҳамлагарони «Хуҷанд» Дилшод Бозоров (7 гол) ва Фарҳод Тоҳиров (6 гол) аз они худ кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамакнун дар мусобиқаи лигаи олӣ танаффус эълон шудааст. Аз 7-уми июл дастаҳо имкони даъвати бозигарони навро пайдо мекунанд. Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо баргузории бозиҳои даври чордаҳум рӯзҳои 29-30 июл идома хоҳад кард.
Даври 14-ум
29-уми июл (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 18:00
«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ»
ССКА «Помир» – «Вахш»
30-юми июл (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 18:00
«Барқчӣ» – «Истиқлол»
«Хуҷанд» – «Ҳосилот»