Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани даҳҳо нафар ҳангоми фирор аз дасти ДИИШ


Хабаргузории Ройтерс гуфт, ки тайи ду рӯзи гузашта даҳҳо ғайринизомӣ ҳангоми фирор аз минтақаҳои зери назорати ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Мавсили Ироқ кушта шуданд. Бино ба гузориши Ройтерс аз 3 июн, ҷасади занону мардон ва кӯдакон дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Занҷилӣ, на он қадар дур аз маҳалли даргирии нирӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯён, хобидааст. Намояндаи як созмони имдодрасон ба Ройтерс гуфт, ки ҷасади 50 нафарро дидааст.

Занҷилӣ яке аз се ноҳияи бузурги шаҳри Мавсил аст, ки ҳанӯз аз ҳузури ҷангҷӯён пок нашудааст. Рӯзи 2 июн нирӯҳои ироқӣ гуфтанд, ки ноҳияи Сиҳҳаи шаҳри Мавсилро аз дасти ҷангҷӯён гирифтанд. Онҳо умед доранд, ин такягоҳи охирини ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”- ро дар Ироқро тасарруф хоҳанд кард.

Нирӯҳои ироқӣ гуфтанд, ки озодии Мавсил наздик аст ва дар сурати тасарруфи дувумин шаҳри бузурги Ироқ зарбаи сахте ба ҷангҷӯён хоҳанд зад. Мавсил шаҳрест, ки Абубакри Бағдодӣ соли 2014 даъвои “хилофат” карда буд. Амалиёти бозпасгирии Мавсил бо ёрии Амрико моҳи октябри соли гузашта оғоз ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG