Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол” бо шикасти “Олтин Асир” ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ ёфт


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар майдони худ бар тими “Олтин Асир”-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Бозии даври охирини гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Истиқлол” ва «Олтин Асир» шаби 31 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 9000 тамошобин баргузор шуд.

Голи ягонаро Дилшод Восиев, ки дар дақиқаи 79-уми дидор ҳамдастааш Манучеҳр Ҷалиловро иваз кард, дар замони изофӣ (90+2) ба ҳадаф расонд. Пас аз зарбаи сахти ӯ аз ҷаримагоҳи меҳмонон дарвозабони “Олтин Асир” Мамед Оразмуҳаммадов маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Голи ягонаи бозиро Дилшод Восиев дар замони изофӣ вориди дарвозаи туркманҳо кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду даста лаҳзаҳои фаровони голзанӣ доштанд. Дар дақиқаҳои охири нимаи аввали дидор ду бор тӯб баъди зарбаи бозигарони туркман ба сутуни дарвоза бархӯрд. Дар дақиқаҳои аввали нимаи дувуми бозӣ бозигарони “Истиқлол” низ ду бор имкони кушодани ҳисобро аз даст доданд.

Дар бозии дигари даври охирини сабқати гурӯҳи “D” 31 май ду дастаи
Қирғизистон - «Олой»-и Ӯш ва “Дордой”-и Бишкек – бо ҳам рақобат карданд. Ин бозии пургол бо пирӯзии дастаи мизбон – “Олой”, қаҳрамони Қирғизистон, бо ҳисоби 5:4 хотима ёфт.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқа дар гурӯҳи “D” “Истиқлол” бо 16 имтиёз ғолиб шуд. Футболбозони тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар панҷ бозӣ ғалаба карда, як бозиро бо “Олтин Асир” (4 апрел дар меҳмонӣ) бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд.

“Олтин Асир” бо 13 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифт. Дастаҳои “Дордой” ва “Олой” бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севуму чорумро ишғол карданд. Ба ин тартиб, бар асоси дастури мусобиқа ғолиби минтақаи Осиёи марказии Ҷоми АFC-2017 – “Истиқлол”, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон - ба ҳаққи ширкат дар даври баъдии Ҷоми AFC мушарраф гардид.

Рақиби «Истиқлол» дар даври ниманиҳоии минтақавии байналмилалии Ҷоми AFC-2017 метавонанд тимҳои «Бенгалуру» (Ҳиндустон), «25 апрел» (Кореяи шимолӣ) ё ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур) – «Серес» (Филиппин) шаванд. Қуръакашии даврҳои ниманиҳоии минтақавии байналмилалии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 6 июн дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур – барпо мегардад. Бозиҳои аввали ин марҳилаи мусобиқа рӯзҳои 22-23 август, бозиҳои ҷавобӣ бошанд, 12-13 сентябр баргузор мешаванд.

Ҷоми АFC-2017. Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 6-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:0

Гол: Дилшод Восиев, 90+2.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов (Фарҳод Восиев, 62), Амирбек Ҷӯрабоев, Дэвид Мавутор, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (Эҳсони Панҷшанбе, 90+4), Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 79), Дмитрий Барков.

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

«Олтин Асир» (Ашхобод, Туркманистон): Мамед Оразмуҳаммадов, Зафар Бобоҷонов, Шӯҳрат Суюнов, Арслонмурод Амонов, Сулаймон Муҳадов (Михаил Титов, 60), Мурод Яхшиев, Сардор Аннаоразов, Расул Хоҷаев (Умедҷон Остонов, 60), Мекан Аширов (Аннасехт Аннасаҳедов, 74), Гурбангелдӣ Ботиров, Сардор Гелдиев.

Сармураббӣ: Язгулӣ Хоҷагелдиев.

Огоҳонида шуданд: Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол»), Расул Хоҷаев, Сардор Аннаоразов («Олтин Асир»).

Бозигари беҳтарини дидор: Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Сардовар: Яъқуб Сайид Абдуллоҳ Абдул Боқӣ (Умон).

Нозири доварон: Момбенӣ Ҳидоят (Эрон).

Комиссари бозӣ: Юнг Таенам (Кореяи Ҷанубӣ).

31 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 9000 тамошобин.

«Олой» (Қирғизистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 5:4

Голҳо: Ислом Шамшиев, 11 (0:1). Алишер Азизов, 26 (0:2). Умарбек Тухтасинов, 30 (1:2). Миролимҷон Аҳмадов, 61 (2:2). Сидибе Модибо, 73 (3:2). Ғайрат Жиргалбек Уулу, 75 (3:3). Ғайрат Жиргалбек Уулу, 81 (3:4). Сидибе Модибо, 88 (4:4). Илёс Олимов, 90+3 (5:4).

31 май. Ӯш. Варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюнбоев. 1500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

6

5

1

0

15-4

16

2

«Олтин Асир» (Туркманистон)

6

4

1

1

12-4

13

3

«Дордой» (Қирғизистон)

6

1

0

5

6-16

3

4

«Олой» (Қирғизистон)

6

1

0

5

9-18

3

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 3:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 0:2

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:4
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 3:0

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:4
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 4:1

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) - 1:0
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 5:4

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG