Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ голи мунтахаби наврасони тоҷик ба дарвозаи Краснодар


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона, ки дар шаҳри Сочии Русия ҷараён дорад, дар бозии дувумаш тими кишвари Краснодарро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод.

Се голи мунтахаби Тоҷикистонро Ислом Зоиров ба ҳадаф расонд. Шарифбек Раҳматов ва Суннатулло Исмоилов якголӣ заданд.

Дар бозии дигари даври дувум мунтахаби наврасони Қазоқистон бар дастаи Арманистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқа бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва кишвари Краснодари Русия дар варзишгоҳи «Юност»-и Сочи то 2 июн идома хоҳад кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аслан аз ҳисоби бозигарони тими лигаи аввали футболи кишвар - «Локомотив-Помир»-и Душанбе - таркиб ёфтааст, таҳти раҳбарии Зайниддин Раҳимов бозии севумашро 1 июн бо дастаи Қазоқистон анҷом медиҳад.

Баъд аз ду рӯзи мусобиқа мунтахаби Қазоқистон бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои Арманистон ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Вале мунтахаби Краснодар бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.

Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ роҳ меёбад. Ду дастаи дигар барои ҷойи севум рақобат мекунад.

Ин мусобиқа барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 16 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба шумор меравад. Дар сабқати интихобӣ рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Умон, Сурия, Туркманистон ва Молдив мебошанд.

Мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочи

Даври 1-ум

Арманистон (U-16) – Тоҷикистон (U-15) – 3:1

Краснодар (U-16) – Қазоқистон (U-16) – 1:3

Даври 2-юм

Краснодар (U-16) – Тоҷикистон (U-15) – 0:5

Арманистон (U-16) – Қазоқистон (U-16) – 1:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қазоқистон (U-16)

2

2

0

0

5-2

6

2

Арманистон (U-16)

2

1

0

1

4-3

3

3

Тоҷикистон (U-15)

2

1

0

1

6-3

3

4

Краснодар (U-16)

2

0

0

2

1-8

0

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 3-юм

1 июн (панҷшанбе)

13:00 – Краснодар (U-16) – Арманистон (U-16)

18:00 – Қазоқистон (U-16) – Тоҷикистон (U-15)

2 июн (ҷумъа)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

16:00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG