Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар дастаи қаҳрамони Тоҷикистон легионери бразилиягӣ бозӣ мекунад


Дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки моҳи июни соли равон аввалин бор дар мусобиқаи бошгоҳии қаҳрамонии футзали Осиё ширкат меварзад, бо легионери бразилиягӣ Морено Бруно Сантяго Ҷонатани 26-сола шартнома бастааст.

Ба иттилои Нодир Дӯстматов, мудири варзишии бошгоҳи «ДИСИ Инвест», ин бозигари бразилиягӣ, ки рӯзи 28 май ба Душанбе омадааст, аллакай дар ҳайати дастаи қаҳрамони футзали Тоҷикистон тамрин намудааст.

Пеш аз ин, Морено Бруно Сантяго Ҷонатан дар дастаи «Ураган»-и Украина, бошгоҳҳои «Дина», «Спартак»-и Русия, инчунин тими «Санае Гети Пасанд»-и Эрон бозӣ кардааст. Ба гуфтаи раҳбарони бошгоҳи «ДИСИ Инвест», рӯзҳои наздиктарин ба ҳайати қаҳрамони футзали Тоҷикистон боз як легионер аз Эрон дохил мешавад.

Чунон ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, аз рӯи натоиҷи қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017, ки рӯзи 30 май дар Ҳошимини Ветнам доир шуд, «ДИСИ Инвест» ба гурӯҳи «В» шомил гардид. Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон финалисти мусобиқаи порсола – дастаи «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, инчунин тими «Вамос Матарам»-и Индонезия ва қаҳрамони Қатар - «Ал-Райян» - мебошанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017 аз 20-ум то 30-юми июл дар Ҳошимин баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG