Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар Қазоқистон


Саидҷамол Алимардонов, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳон оид ба “казах куреси”, ки рӯзҳои 25 – 28-уми май дар деҳаи Оқсуати ноҳияи Тарбагатайи вилояти Қазоқистони шарқӣ баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни аз 90 кило боло дар даври аввал бар Бёрн Баҳман аз Олмон пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Эркин Дониёрови узбакистонӣ мағлуб гашт.

Ӯ дар вазни зери 90 кило баъди пирӯзӣ бар Давид Саркисян аз Арманистон, дар даврҳои баъдӣ Денис Эммерти русиягӣ ва Семён Ракитаи украиниро мағлуб кард. Вале Саидҷамол Алимардонов дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Беҳзод Аҳмадбекови қазоқистонӣ шикаст хӯрд ва мақоми дувумро касб намуд.

Ин мусобиқа бо иштироки варзишгарони 22 кишвар, аз ҷумла 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ – Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Литва, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Украина ва Эстония, инчунин, Дания, Муғулистон, Олмон, Туркия, Чин, Ҷумҳурии Чех ва Ҳиндустон баргузор шуд.

Ширинҷон Мамадсафоев, мудири иҷроияи Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “варзишгарони мо дар ин мусобиқа бо даъвати Федератсияи ҷаҳонии “Казах куреси” ширкат карданд. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон се варзишгар – Асадулло Тоиров (-70 кило), Саидҷамол Алимардонов (-90 кило) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+90 кило) – дохил буданд. Мусобиқа аз рӯи қоидаҳои гуштии миллии қазоқҳо дар се вазн (-70, -90 ва +90 кило) бо ҳузури беш аз ҳафт ҳазор тамошобин барпо гардид.”

Ба иттилои Мамадсафоев, ду гуштигири дигари тоҷик ба нокомӣ дучор шуданд. Асадулло Тоиров дар рақобатҳо дар вазни зери 70 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Мирлан Ералиеви қирғиз, ки баъдан соҳиби медали нуқра гардид, шикаст хӯрд.

Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни аз 90 кило боло дар даври аввал бар Бёрн Баҳман аз Олмон пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Эркин Дониёрови узбакистонӣ мағлуб гашт.

“Бояд гуфт, ки дар вазни аз 90 кило боло ғолиби мусобиқаи Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо дар соли 2016 Станислав Бондаренкои украинӣ ва дар вазни зери 90 кило қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Паата Гвиниашвили аз Гурҷистон аз ҷоизаҳо бенасиб монданд, ки ин аз сатҳи баланди мусобиқа дарак медиҳад”, - иброз дошт Ширинҷон Мамадсафоев.

Ба ин тартиб, дар ҳар се вазн паҳлавонони қазоқ ғолиб шуда, бо медалҳои тилло ва диплому ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд. Ба онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол карданд, медалҳои нуқраву биринҷӣ, диплому ҷоизаҳои молӣ супурда шуд.

XS
SM
MD
LG