Дастаи “Олтин Асир”, қаҳрамони секаратаи Туркманистон, субҳи имрӯз, 29 май, барои бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 муқобили тими “Истиқлол”, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон, ба Душанбе омад.
Ба ҳайати бошгоҳи “Олтин Асир” 25 нафар, аз он ҷумла 19 бозигар, шомиланд, ки дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷойгир шудаанд. Футболбозони туркман бегоҳи имрӯз дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин мекунанд. Бозии дастаи “Истиқлол” дар даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC дар гурӯҳи “D” бо тими «Олтин Асир» 31 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шуруъ мешавад.
Бояд тазаккур дод, бар асоси дастури мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ меёбад. Барои роҳхати ягона дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” талош доранд. Тақдири роҳхат дар даври охирин дар бозӣ миёни ин ду даста ҳал хоҳад шуд.
Дар бозии дигари даври ниҳоӣ дар гурӯҳи “D” 31 май ду дастаи
Қирғизистон - «Олой»-и Ӯш ва “Дордой”-и Бишкек – бо ҳам рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, “Истиқлол” бозии даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017-ро дар гурӯҳи “D” бо тими «Олтин Асир» бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буд. Ин бозӣ чоруми апрел дар варзишгоҳи “Спорт топлуми”-и шаҳри Балканободи Туркманистон баргузор шуд.
Ҷаҳонгир Алиев, бозигари “Истиқлол”, дар дақиқаи 31-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро бозигари мизбонон Олтинмурод Аннадурдиев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 49-ум, ба ҳадаф расонд.
Баъд аз натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” “Истиқлол” бо сездаҳ имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. “Олтин Асир” низ сездаҳ имтиёз ба даст овардааст, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо дар мақоми дувум қарор дорад. “Дордой” бо се имтиёз дар мақоми севум аст. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.
Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ
Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2
Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0
Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 3:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 0:2
Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:4
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 3:0
Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:4
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 4:1
Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)