Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" дар Душанбе аз "Истиқлол" се гол хӯрд


Даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон 25 май бо бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид. Ин бозӣ, ки шаби панҷшанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт.

Ҳисобро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 10-ум боз кард. Дмитрий Барков, легионери русиягии “Истиқлол”, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 49-ум, голи дувумро ба ҳадаф расонд. Баъди даҳ дақиқа тӯби задаи Ромиш Ҷалиловро ҳимоятгари “Хуҷанд” Соҳибҷон Ҳакимов ба дарвозаи дастааш равона кард.

Бояд гуфт, ки дар нимаи дувуми ин бозӣ, дар дақиқаи 60-ум, нимҳимоятгари “Истиқлол” Нуриддин Давронов сахт лат хӯрд ва маҷбур шуд майдонро тарк намояд.

“Истиқлол” пас аз ин пирӯзӣ мавқеи пешсафиашро бо 23 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа боз ҳам мустаҳкам кард. ССКА “Помир” бо 20 имтиёз дар зинаи дувум ва «Хуҷанд» бо 17 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Ҳамакнун дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар бинобар бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ва бозии мунтахаби миллӣ муқобили Филиппин дар доираи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки 13 июн дар Душанбе барпо мегардад, танаффуси якмоҳа эълон шудааст.

Бозиҳои даври дувоздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 17-18 июн баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 11-ум

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 3:0

Голҳо: Ромиш Ҷалилов, 10 (1:0). Дмитрий Барков, 49 (2:0). Соҳибҷон Ҳакимов, 59 – ба дарвозаи худ (3:0)

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Фарҳод Восиев, Соҳиб Саванқулов, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов (Нуриддин Давронов, 60), Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Алиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 60), Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев, Дмитрий Барков (Манучеҳр Ҷалилов, 60).

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов, Соҳибҷон Ҳакимов, Руслан Раҳматов, Фарҳод Тоҳиров (Рустам Домлоҷонов, 65), Эҳсон Бобоев, Ҳоҷибой Зиёев, Шоҳрух Раҷабматов (Шероз Абдуллоев, 70), Давронҷон Тухтасунов (Мубинҷон Муъминов, 65), Дилшод Бозоров.

Сармураббӣ: Рустам Хоҷаев.

Огоҳонида шуданд: Табрези Давлатмир, Манучеҳр Ҷалилов, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Рустам Домлоҷонов («Хуҷанд).

Аз майдон хориҷ шуд: Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»), 76 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Дшанбе).

25 май. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

9

7

2

0

26-4

23

2

ССКА «Помир» (Душанбе)

11

5

5

1

9-3

20

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

5

2

4

17-11

17

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

11

3

4

4

7-11

13

5

«Ҳосилот» (Фархор)

11

3

3

5

10-19

12

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

10

2

4

4

4-7

10

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

11

2

4

5

6-14

10

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

10

2

2

6

7-17

8

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 5 тӯб, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Дмитрий Барков (“Истиқлол”) – 4-тӯбӣ.

Даври 12-ум:

17 июн (шанбе)

«Ҳосилот» – «Барқчӣ»

«Панҷшер» – «Вахш»

18 июн (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – ССКА «Помир»

Оғози бозиҳо – соати 18:00

XS
SM
MD
LG