Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси тоҷик ба Сочи мераванд


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 29 май то 2 июн дар Сочии Русия баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқа бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва кишвари Краснодар дар варзишгоҳи «Юност»-и Сочи дар арафаи Ҷоми Конфедератсия барпо мегардад.

Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Ду дастаи дигар барои ҷойи севум рақобат мекунанд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии Зайниддин Раҳимов нахустин бозиашро 29 май бо дастаи Арманистон анҷом медиҳад.

Ин мусобиқа барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 16 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба шумор меравад. Дар сабқати интихобӣ рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Умон, Сурия, Туркманистон ва Молдив мебошанд.

Тақвими бозиҳо дар мусобиқаи Сочи:

Даври 1-ум

29 май (душанбе)

13:00 – Краснодар – Қазоқистон

18:00 – Арманистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

30 май (сешанбе)

13:00 Краснодар – Тоҷикистон

18:00 Арманистон – Қазоқистон

Даври 3-юм

1 июн (панҷшанбе)

13:00 – Краснодар – Арманистон

18:00 Қазоқистон – Тоҷикистон

2 июн (ҷумъа)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

16:00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG