Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳроҷиддин ба дарвозаи “Локомотив” панҷ гол зад


Дастаи “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат, ки дар даври панҷуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар майдони худ тими «Локомотив-Помир»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод, бо сездаҳ имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дар ин бозӣ ҳамаи панҷ голро ҳамлагар Меҳроҷиддин Музаффаров ба ҳадаф расонд.

Дар мусобиқаи лигаи аввал бинобар бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон танаффус эълон шудааст. Бозиҳои даври шашум рӯзҳои 9-10 июн барпо мегарданд.

Дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар меҳмонӣ тими «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт, бо дувоздаҳ имтиёз мақоми дувумро касб кардааст.

Дастаҳои «Эсхата»-и Хуҷанд ва “Саройкамар”-и Панҷ бо даҳимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум ҷой гирифтанд. “Эсхата” бозиро дар меҳмонӣ бо “Сомон”-и Данғара бо ҳисоби 2:2 анҷом дод. Зимнан, ин мусовии панҷуми “Сомон” ба шумор меравад.

“Саройкамар” дар шаҳри Кӯлоб аз дастаи “Равшан” бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ин аввалин ғалабаи “Равшан” дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввал маҳсуб мешавад.

Дар ду бозии дигари даври панҷум «Ҳулбук»-и Восеъ дар майдони худ бар тими «Маҳаллаи 83»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 ва «Зарбдор»-и Исфара дар меҳмонӣ бар дастаи «Парвоз» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Дар мусобиқаи лигаи аввал бинобар бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон танаффус эълон шудааст. Бозиҳои даври шашум рӯзҳои 9-10 июн барпо мегарданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

5

4

1

0

15-4

13

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

5

4

0

1

10-4

12

3

«Эсхата» (Хуҷанд)

5

3

1

1

10-6

10

4

«Саройкамар» (Панҷ)

5

3

1

1

6-4

10

5

«Маҳаллаи 83» (Душанбе)

5

3

0

2

14-8

9

6

«Ҳулбук» (Восеъ)

5

2

1

2

7-7

7

7

«Зарбдор» (Исфара)

5

2

1

2

7-10

7

8

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

5

2

0

3

5-10

6

9

«Сомон» (Данғара)

5

0

5

0

6-6

5

10

«Равшан» (Кӯлоб)

5

1

0

4

8-14

3

11

«Парвоз» – Фурудгоҳи Хуҷанд

5

0

1

4

5-12

1

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

5

0

1

3

2-10

1

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 5-ум

«Парвоз» – «Зарбдор» – 0:1

Гол: Хушбахт Назиров, 57.

20 май. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 150 тамошобин.

«Ҳулбук» – «Маҳаллаи 83» – 3:0

Голҳо: Самариддин Расулов, 3 (1:0). Сӯҳроби Зарифхон, 32 (2:0). Зоир Холматов, 56 (3:0).

20 май. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

«Сомон» – «Эсхата» – 2:2

Голҳо: Амирҷон Раҳимов, 62 – ба дарвозаи худ (1:0). Музаффар Бобоҷонов, 65 (1:1). Хайрулло Қодиров, 66 (2:1). Шарафҷон Саидов, 85 (2:2).

20 май. Данғара. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

«Равшан» – «Саройкамар» – 3:0

Голҳо: Далер Чолов, 15 (1:0). Аваз Камчинов, 45+1 (2:0). Далер Чолов, 49 – аз пеналтӣ (3:0).

19 май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

«Ваҳдат» – «Локомотив-Помир» – 5:0

Голҳо: Меҳроҷиддин Музаффаров, 3 (1:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 11 (2:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 31 (3:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 76 (4:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 85 (5:0).

19 май. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

«Зарафшон» – «Кӯктош» – 0:1

Гол: Фахриддин Сафарзода, 88.

19 май. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

Даври 6-ум:
9 июн (ҷумъа)

«Саройкамар» – «Эсхата»
«Маҳаллаи 83» – «Сомон»
«Зарбдор» – «Ҳулбук»

10 июн (шанбе)

«Локомотив-Помир» – «Парвоз»
«Кӯктош» – «Ваҳдат»
«Равшан» – «Зарафшон»
Оғози бозиҳо – соати 17:30

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG