Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку


Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку – даҳ рӯз идома ёфт, 22 май ба поён расид. Дар ин бозиҳо беш аз се ҳазор варзишгар аз 54 кишвар ширкат варзида, барои 269 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 21 намуд рақобат карданд.

Дар маросими ботантана пӯшидашавии Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки шаби 22 май дар Варзишгоҳи олимпии Боку доир шуд, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳузур дошт.

Дар ин маросим дабири кулли Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ Файсал Абдулазиз Ал-Наср ва ноиби аввали президенти Озарбойҷон, раиси Кумитаи тадорукоти «Боку-2017» Меҳрубон Алиева ширкаткунандагонро бо анҷоми муваффақонаи Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ муборакбод гуфта, ба ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин бозиҳо саҳмгузорӣ кардаанд, изҳори сипос намуданд.

Дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар ҳисоби умумумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Озарбойҷон бо касби 162 медал (75 медали тилло, 50 нуқра ва 37 биринҷӣ) ҷойи аввалро ишғол кард. Мунтахаби Туркия, ки ҳамагӣ 195 медал (71 медали тилло, 67 нуқра ва 57 биринҷӣ) ба даст овард, дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Эрон бо касби 98 медал (39 медали тилло, 26 нуқра ва 33 биринҷӣ) ҷойи севумро азони худ кард.

Дар байни даҳгонаи беҳтарин, инчунин Узбакистон (15-17-31), Баҳрайн (12-5-4), Алҷазоир (7-12-21), Марокаш (7-5-15), Индонезия (6-29-23), Миср (6-5-7) ва Қирғизистон (4-5-8) дохил шуданд.

Умуман, варзишгарони 40 кишвар медалҳои Бозиҳои IV ҳамбастагии исломиро ба даст оварданд ва аз байни онҳо намояндагони 26 кишвар барандагони медалҳои тилло гардиданд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон бо 63 медал (15 медали тилло, 17 нуқра ва 31 биринҷӣ) дар ҷойи чорум, Қирғизистон бо 17 медал (4 медали тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи даҳум, Қазоқистон бо 19 медал (2 медали тилло, 5 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи чордаҳум ва Туркманистон бо 13 медал (2 медали тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи понздаҳум қарор гирифтанд.

Тоҷикистон бошад, бо 4 медали биринҷӣ пас аз Афғонистон, ки 6 медали биринҷӣ гирифт, ҷойи 36-умро касб намуд. Мунтахаби Кот-де Ивуар низ бо 4 медали биринҷӣ ҷойи 36-умро соҳиб шуд. Малайзия ва Яман бо ду медали биринҷӣ ҷойи 38-ум ва Лубнон бо як медали биринҷӣ ҷойи 40-умро ишғол карданд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ аз рӯи ҳафт намуд – ҷудо, тирандозӣ, таэквондо WTF, волейбол (дастаи занона), вазнабардорӣ, гуштии озод ва варзишҳои зӯрхонаӣ – қувваозмоӣ намуда, танҳо дар як намуд - варзишҳои зӯрхонаӣ – бо медалҳо сарфароз гаштанд.

Наврӯз Арабов дар рақобатҳо дар навъҳои “санг” ва “мили сангин” соҳиби ду медали биринҷӣ гардид. Ду медали дигари биринҷиро Абдуалӣ Назаралӣ дар рақобатҳо дар навъи “чархи чаманӣ” ва Исмоил Сангов дар “каббода” ба даст оварданд.

Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ пас аз чор сол, яъне соли 2021, дар Истамбули Туркия доир хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии олимпӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, як медали тилло ва як медали нуқра ба даст овардаанд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо ВТФ дар вазни зери 54 кг бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Бозиҳои II ҳамбастагии олимпӣ, ки бояд моҳи апрели соли 2009 дар Эрон доир мешуд, ба иллати мухолифат миёни Эрону кишварҳои арабӣ дар масъалаи номи халиҷи Форс, барпо нагардид.

Тоҷикистон дар Бозиҳои III ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Пеканбаруи Индонезия доир шуд, ширкат надошт.

XS
SM
MD
LG