Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии гуштигирони тоҷик дар Екатеринбург


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Ekaterinburg 2017), ки рӯзҳои 20-21 май дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор шуд, ноком шуданд. Дар ин мусобиқаи пурнуфуз 286 нафар гуштигирон (164 мард ва 122 зан) аз 36 кишвар ширкат доштанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш мард – Наврӯз Каримдод (66 кг), Хаёмиддин Ҷабборов (73 кг), Акмал Муродов (81 кг), Сафарбек Муродов (81 кг), Ёқубҷон Назиров (90 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) ва як зан – Оишабону Қурбоналиева (52 кг) – дохил буданд. Вале ҳамаи варзишгарони тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби ҳашт медал (шаш медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) ғолиб омад. Мунтахаби Русия бо касби дувоздаҳ медал (2-5-5) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Бразилия бо касби шаш медал (2-2-2) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.


Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон
60 кг

1. НАГАЯМА Рюҷи (Ҷопон)
2. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. ОГУЗОВ Алберт (Русия)
3. РЕВОЛ Седрик (Фаронса)

66 кг
1. АБДУЛҶАЛИЛОВ Абдулло (Русия)
2. ЧИБАНА Чарлз (Бразилия)
3. МИНКОВ Дмитрий (Беларус)
3. ХАМЕТОВ Ислом (Русия)

73 кг
1. ХАШИМОТО Соичи (Ҷопон)
2. КОНТИНИ Марсело (Бразилия)
3. АКСУС Бенҷамин (Фаронса)
3. ДЮПРА Пйер (Фаронса)

81 кг
1.
ХОЛМИРЗОЕВ Ҳасан (Русия)
2. УНГВАРИ Атилла (Маҷористон)
3. БРАЭНД Этинн (Канада)
3. РЕХВИАШВИЛИ Зебеда (Гурҷистон)

90 кг
1. НАГАСАВА Кента (Ҷопон)
2. ТОТ Кристиан (Маҷористон)
3. МАГОМЕДОВ Магомед (Русия)
3. ВАН Т ЭНД Ноэл (Ҳолланд)

100 кг
1. СИРЖЕНИЧ Миклош (Маҷористон)
2. ИЛЁСОВ Ниёз (Русия)
3. ЛИПАРТАЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
3. БОХЛЕР Лаурин (Австрия)

+100 кг
1. МОУРА Давид (Бразилия)
2. МАТИАШВИЛИ Левани (Гурҷистон)
3. БАТТУЛГА Темуулен (Муғулистон)
3. ВОЛКОВ Андрей (Русия)

XS
SM
MD
LG