Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бозигари “Ҳосилот” барои занозанӣ аз майдон хориҷ шуданд


Рӯзҳои 20-21 май се бозии даври ёздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ барпо гардид. Дар як дидор мизбонон ғолиб омаданд ва ду бозӣ мусовӣ шуд.

ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тӯбро пеш аз панҷ дақиқаи хотимаи бозӣ ҳимоятгар Фирдавс Чақалов бо зарбаи сар ба ҳадаф расонд. Бозии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо дастаи меҳмон - «Барқчӣ»-и Ҳисор – бо ҳисоби 0:0 поён ёфт.

«Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ бозиро бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ҳисобро Комрон Турсунов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 46-ум боз кард. Пас аз шаш дақиқа Шодибек Ғаффоров ҳисобро баробар намуд. Бояд гуфт, ки дар нимаи дувуми ин дидор, дар дақиқаи 54-ум, сардовари бозӣ Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) ду бозигари “Ҳосилот” - ҳимоятгарон Сафаралӣ Каримов ва Содиқ Мӯсоро барои занозанӣ миёни ҳарду аз майдон берун кард.

Даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон 25 май бо бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба анҷом мерасад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20 шуруъ мешавад.

Баъд аз ин бозӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар бинобар бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ва бозии мунтахаби кишвар муқобили Филиппин дар доираи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки 13 июн дар Душанбе барпо мегардад, танаффуси якмоҳа эълон шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 11-ум

«Вахш» – «Барқчӣ» – 0:0

Огоҳонида шуданд: Акмал Сабуров, Холмурод Назаров («Вахш»), Амирҷон Сафаров, Далер Ёдгоров, Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

18 май. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2500 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Панҷшер» – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 85.

Огоҳонида шуданд: Маҳмадалӣ Содиқов, Зоир Ҷӯрабоев, Комрони Мирзонаҷот (ССКА «Помир»), Ҳасан Холов, Ҳусейн Умаров («Панҷшер»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

20 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. 600 тамошобин.

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1

Голҳо: Комрон Турсунов, 46 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 52 (1:1).

Огоҳонида шуданд: Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Алишер Шарифов, Шерзод Маҳмадиев («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мӯсо («Ҳосилот»), 54 – барои занозанӣ миёни ҳарду.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

21 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 2300 тамошобин.

25 май (панҷшанбе)

Оғози бозӣсоати 20:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

8

6

2

0

23-4

20

2

ССКА «Помир» (Душанбе)

11

5

5

1

9-3

20

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

5

2

3

17-8

17

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

11

3

4

4

7-11

13

5

«Ҳосилот» (Фархор)

11

3

3

5

10-19

12

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

10

2

4

4

4-7

10

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

11

2

4

5

6-14

10

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

10

2

2

6

7-17

8

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 5 тӯб, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд») – 4 тӯб.

Даври 12-ум:

17 июн (шанбе)

«Ҳосилот» – «Барқчӣ»

«Панҷшер» – «Вахш»

18 июн (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – ССКА «Помир»

Оғози бозиҳосоати 18:00

XS
SM
MD
LG