Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – ҷараён доранд, 22 май ба анҷом мерасанд. Дар ин бозиҳо беш се ҳазор варзишгар аз 54 кишвар сабқат мекунанд.
Варзишгарони тоҷик, ки то имрӯз, 19 май, аз рӯи панҷ намуд – ҷудо, тирандозӣ, таэквондо ВТФ, волейбол (занон) ва вазнабардорӣ – рақобат карданд, ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳо бенасиб монданд.
Дастаи мунтахаби занонаи волейболи Тоҷикистон дар ҳарсе бозиаш аз тимҳои Туркия ва Озарбойҷон бо ҳисоби якхелаи 0:3 ва аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Дар мусобиқаи ҷудо Шоҳида Қаландарова дар миёни занон дар вазни зери 57 кило баъди пирӯзӣ бар рақибаш аз Албания, дар ду қувваозмоии дигар аз варзишгарони Кот-де Ивуар ва Қирғизистон мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард. Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати мардон дар вазни зери 73 кило пас аз пирӯзӣ дар даври аввал бар намояндаи Малайзия, дар даври шонздаҳякниҳоӣ аз Рустам Оруҷови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.
Дар мусобиқаи тирпарронӣ аз милтиқ ба масофаи 10 метр миёни занон Малика Лагутенко ва Нозанин Лутфуллоева, дар сабқати мардон дар тирпарронӣ аз туфангча ба масофаи 10 метр Бежан Файзуллоев ноком шуданд. Дар вазнабардорӣ миёни мардон дар вазни зери 69 кило Илҳомҷон Шукуров бо натиҷаи 245 кило (110+135) дар байни 14 нафар дар ҷойи 11-ум қарор гирифт.
Дар сабқати таэквондо WTF ҳарду варзишгари тоҷик – Фарҳод Неъматов ва Моҳрӯ Ҳалимова – ба нокомӣ дучор шуданд. Фарҳод дар рақобатҳо дар вазни зери 87 кило миёни мардон дар нахустин қувваозмоияш бар Юсуф Эгуеҳ аз Ҷибутӣ ғолиб омад, вале дар даври чорякниҳоӣ аз намояндаи Кот-де Ивуар шикаст хӯрд. Моҳрӯ бошад, дар сабқати занон дар вазни аз 73 кило боло дар даври аввал аз Светлана Осиповаи узбакистонӣ мағлуб шуд.
Варзишгарони тоҷик боз дар ду намуд – гуштии озод ва варзишҳои зӯрхонаӣ - рақобат мекунанд. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод панҷ нафар – Тоҷиддин Хоҷаев (65 кг), Сорбон Абдулҳаев (70 кг), Ҳамид Ҷалилов (74 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг) ва Фарҳод Анақулов (125 кг) – дохиланд. Имрӯз, 19 май, Тоҷиддин Хоҷаев ва Ҳамид Ҷалилов вориди сабқат мешаванд. Рӯзи шанбе, 20 май, Сорбон Абдулҳаев, Баҳодур Қодиров ва Фарҳод Анақулов ба майдон меоянд.
Дар мусобиқаи варзишҳои зӯрхонаӣ, ки рӯзҳои 20-21 май баргузор мешавад, Тоҷикистонро панҷ нафар - Наврӯз Арабов, Маъруф Маҳмудов, Назаралӣ Абдуалӣ, Исмоил Сангов ва Баҳодур Тоҳиров – намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ аз рӯи натиҷагирии мусобиқот то имрӯз, 19 май, дар ҳисоби умумумидастаӣ мунтахаби Туркия бо касби 155 медал (60 медали тилло, 52 нуқра ва 43 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Озарбойҷон, ки ҳамагӣ 116 медал (59 медали тилло, 33 нуқра ва 24 биринҷӣ) ба даст овардааст, дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Эрон бо касби 67 медал (16 медали тилло, 22 нуқра ва 29 биринҷӣ) дар ҷойи севум аст.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 34 кишвар медалҳои Бозиҳои IV ҳамбастагии исломиро соҳиб шудаанд ва аз байни онҳо намояндагони 23 кишвар барандагони медалҳои тилло гардидаанд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон бо 54 медал (14 медали тилло, 14 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар ҷойи чорум, Туркманистон бо 11 медал (2 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи дувоздаҳум, Қирғизистон бо 12 медал (2 медали тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи чордаҳум ва Қазоқистон бо 10 медал (2 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи понздаҳум қарор гирифтаанд. Вале Тоҷикистон то ҳоло медал надорад.