Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тоҷик дастаи “Дордой”-и Қирғизистонро шикаст доданд


Футболбозони дастаи "Истиқлол" дар Қирғизистон. Акс аз рӯзи 16-уми май
Футболбозони дастаи "Истиқлол" дар Қирғизистон. Акс аз рӯзи 16-уми май

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи “D” тими “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Ин бозӣ шоми 17-уми май дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови пойтахти Қирғизистон бо ҳузури 1000 тамошобин баргузор шуд.

Баъд аз натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D”, “Истиқлол”-и Душанбе бо сездаҳ имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.

Се голи дастаи “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 8, 46 ва 75-ум ба ҳадаф расонд. Як голи дигарро бозигари мизбонон Егор Потапов (90+3) ба дарвозаи дастааш зад. Голи ягонаи мизбононро Сулаймон Зарифов дар дақиқаи 50-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

Ҳайати «Истиқлол» дар бозии Ҷоми AFC муқобили «Дордой» чунин буд: Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мавутор, Артём Барановский, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев (Фарҳод Восиев, 82), Дмитрий Барков (Эҳсони Панҷшанбе, 90), Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан), Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 78).

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Довари ФИФА Нгуен Чиу Кок аз Ҳонконг сардовари ин бозӣ буд. Ба ӯ ҳамватанонаш Ло Юк Минг ва Сарао Амарҷит Сингх ёрӣ карданд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Судиша Кумара Пандея аз Непал вогузор шуда буд. Дакоста Энтони Ҷон аз Ҳиндустон нозири доварон ва Парк Сеонг Кин аз Кореяи Ҷанубӣ комиссари бозӣ буданд.

Тақдири роҳхат дар даври охирин дар бозии "Истиқлол" ва "Олтин Асирн", ки 31-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад, ҳал хоҳад шуд.

“Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” бар тими «Дордой» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Ин бозӣ 14-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид. Ҳисобро ҳимоятгар Девид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана, дар дақиқаи 17-ум боз кард. Баъд аз панҷ дақиқа тӯби дувумро ба дарвозаи “Дордой” Ҷаҳонгир Алиев ворид намуд.

Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи “D” рӯзи 17-уми май дастаи «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, дар майдони худ бар тими “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Чаҳор голи мизбононро Мурод Яхшиев дар дақиқаҳои 33, 42, 82 ва 84-ум ба самар расонд. Як голи меҳмононро Миролимҷон Аҳмадов дар дақиқаи 53-юм зад.

Баъд аз натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D”, “Истиқлол”-и Душанбе бо сездаҳ имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. “Олтин Асир”-и Ишқобод низ сездаҳ имтиёз ба даст овардааст, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо дар мақоми дувум қарор дорад. “Дордой”-и Бишкек бо се имтиёз дар мақоми севум аст. “Олой”-и Ӯш бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Бояд тазаккур дод, бар асоси дастури мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ меёбад. Барои роҳхати ягона дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” талош доранд. Тақдири роҳхат дар даври охирин дар бозии ин ду даста, ки 31-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад, ҳал хоҳад шуд.

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 3:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 0:2

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:4
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 3:0

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)

“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:4
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 4:1

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG