Варзишгарони Туркия дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – ҷараён доранд, бо касби 115 медал пешсафанд. Дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ беш се ҳазор варзишгар аз 54 кишвар барои 269 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 21 намуд дар 16 иншооти муосири варзишии Боку то рӯзи 22 май сабқат мекунанд.
Дар ин бозиҳо 29 варзишгари тоҷик аз рӯи 7 намуд – ҷудо, тирандозӣ, таэквондо ВТФ, волейбол (занон), вазнабардорӣ, гуштии озод ва варзишҳои зӯрхонаӣ - ширкат меварзанд.
Дастаи мунтахаби занонаи волейболи Тоҷикистон дар ҳарсе бозии сабқати интихобӣ аз тимҳои Туркия ва Озарбойҷон бо ҳисоби якхелаи 0:3 ва аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Дар мусобиқаи ҷудо Шоҳида Қаландарова дар миёни занон дар вазни зери 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода байни мардон дар вазни зери 73 кило аз медалҳо бенасиб монданд.
Дар мусобиқаи тирпарронӣ аз милтиқ ба масофаи 10 метр миёни занон намояндагони Тоҷикистон Малика Лагутенко ва Нозанин Лутфуллоева, дар сабқати мардон дар тирпарронӣ аз туфангча ба масофаи 10 метр Бежан Файзуллоев ноком шуданд.
Дар вазнабардорӣ миёни мардон дар вазни зери 69 кило Илҳомҷон Шукуров бо натиҷаи 245 кило (110+135) дар байни 14 нафар дар ҷойи 11-ум қарор гирифт.
Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар чор намуд – волейбол (занон), ҷудо, тирпарронӣ ва вазнабардорӣ аз медалҳои Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ маҳрум шуданд.
Варзишгарони тоҷик боз дар се намуд – гуштии озод, таэквондо ВТФ ва варзишҳои зӯрхонаӣ - вориди рақобат мешаванд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод панҷ нафар – Тоҷиддин Хоҷаев (65 кг), Сорбон Абдулҳаев (70 кг), Ҳамид Ҷалилов (74 кг),Баҳодур Қодиров (86 кг) ва Фарҳод Анақулов (125 кг) – дохиланд.
Дар риштаи таэквондо ВТФ Тоҷикистонро Моҳрӯ Ҳалимова (+73 кг) ва Фарҳод Неъматов (-87 кг) намояндагӣ мекунанд. Дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ панҷ нафар - Наврӯз Арабов, Маъруф Маҳмудов, Назаралӣ Абдуалӣ, Исмоил Сангов ва Баҳодур Тоҳиров – рақобат хоҳанд кард.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот то имрӯз, 17 май, дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар ҳисоби умумумидастаӣ мунтахаби Туркия бо касби 115 медал (43 медали тилло, 40 нуқра ва 32 нишони биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Озарбойҷон, ки ҳамагӣ 81 медал (41 медали тилло, 24 нуқра ва 16 биринҷӣ) ба даст овардааст, дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Эрон бо касби 37 медал (10-12-15) дар ҷойи севум аст.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 28 кишвар медалҳои Бозиҳои IV ҳамбастагии исломиро соҳиб шудаанд ва аз байни онҳо намояндагони 18 кишвар барандагони медалҳои тилло гардидаанд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон бо 34 медал (7 медали тилло, 9 нуқра ва 18 биринҷӣ) дар ҷойи чорум, Туркманистон бо шаш медал (як медали тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи ёздаҳум, Қирғизистон бо чор медал (як тилло ва се биринҷӣ) дар ҷойи шонздаҳум ва Қазоқистон бо ду медали биринҷӣ дар ҷойи 25-ум қарор гирифтаанд. Вале аз ин минтақа танҳо мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло медал надорад.