Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ваҳдат” ва “Саройкамар” дар лигаи аввал пешсафанд


Дастаҳои “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ баъди натиҷагирии бозиҳои даври чоруми лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқа бо даҳимтиёзӣ пешсафанд.

“Ваҳдат” дар даври чорум дар меҳмонӣ дастаи “Зарбдор”-и Исфараро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. “Саройкамар” бозиро дар майдони худ бо “Сомон”-и Данғара бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расонд.

Се даста – “Маҳаллаи 83”-и Душанбе, “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Эсхата”-и Хуҷанд - бо нӯҳимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюм, чорум ва панҷум қарор доранд. Дар даври чорум ин дастаҳо дар майдони худ пирӯзӣ ба даст оварданд. “Маҳаллаи 83” бар дастаи “Парвоз” бо ҳисоби 5:1, “Кӯктош” бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 4:0 ва “Эсхата” бар “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуданд.

Инчунин дар даври чорум дастаи мизбон - «Локомотив-Помир»-и Душанбе - тими «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон рӯзҳои 19-20 май баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 4-ум

«Локомотив-Помир» – «Зарафшон» – 2:1

Голҳо: Ҷонибек Шарифов, 15 (1:0). Баҳром Бурҳонов, 42 (1:1). Ислом Зоиров, 53 (2:1).

«Кӯктош» – «Равшан» – 4:0

Голҳо: Азизбек Султонов, 18 – аз пеналтӣ (1:0). Адҳам Абдуллоев, 37 (2:0). Азизбек Султонов, 61 (3:0). Принс Артур, 90+2 (4:0).

«Саройкамар» – «Сомон» – 1:1

Голҳо: Хайрулло Нодиров, 81 (0:1). Дилшод Ниҳолов, 90+2 (1:1).

«Маҳаллаи 83» – «Парвоз» – 5:1

Голҳо: Баҳодур Сӯфиев, 11 (1:0). Ҷастис Агией Канкам, 32 (2:0). Ҷастис Агией Канкам, 59 (3:0). Анатолий Зинатулин, 70 (4:0). Фаридун Назриев, 82 (5:0). Маруди Толибекзода, 88 (5:1).

«Эсхата» – «Ҳулбук» – 3:1

«Зарбдор» – «Ваҳдат» – 1:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

4

3

1

0

10-4

10

2

«Саройкамар» (Панҷ)

4

3

1

0

6-1

10

3

«Маҳаллаи 83» (Душанбе)

4

3

0

1

14-5

9

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

4

3

0

1

9-4

9

5

«Эсхата» (Хуҷанд)

4

3

0

1

8-4

9

6

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

4

2

0

2

5-5

6

7

«Ҳулбук» (Восеъ)

4

1

1

2

4-7

4

8

«Зарбдор» (Исфара)

4

1

1

2

6-10

4

9

«Сомон» (Данғара)

4

0

4

0

4-4

4

10

«Парвоз» – Фурудгоҳи Хуҷанд

4

0

1

3

5-11

1

11

«Зарафшон» (Панҷакент)

4

0

1

3

2-9

1

12

«Равшан» (Кӯлоб)

4

0

0

4

5-14

0

Беҳтарин нишонзан: Ҷастис Агией Канкам («Маҳаллаи 83») – 7 тӯб.

Даври 5-ум:

19 май (ҷумъа)

«Равшан» – «Саройкамар»

«Зарафшон» – «Кӯктош»

«Ваҳдат» – «Локомотив-Помир»

20 май (шанбе)

«Парвоз» – «Зарбдор»

«Ҳулбук» – «Маҳаллаи 83»

«Сомон» – «Эсхата»

Оғози бозиҳо – соати 17:00

XS
SM
MD
LG