Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳроб Боқиев, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 13-14 май дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Дар ин мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар (мардону занон) аз ёздаҳ кишвари Аврупо –Австрия, Арманистон, Беларус, Британия, Гурҷистон, Молдова, Олмон, Русия, Словакия, Фаронса, Ҳолланд, чор кишвари Осиё - Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, инчунин аз Канада иштирок доштанд.

Сӯҳроб Боқиев дар вазни зери 60 кило пас аз се пирӯзӣ бар Шоҳин Абашян (Арманистон), Рой Коффиҷберг (Ҳолланд) ва Ҷолан Флоримонт (Фаронса), дар даври ниманиҳоӣ Обид Ҷебови русиягиро шикаст дод. Сӯҳроб дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Яго Абуладзе (Русия) мағлуб шуд ва мақоми дувумро касб кард.

Вале гуштигирони дигари тоҷик Комрон Мамадназаров (60 кг), Хушқадам Хусравов (66 кг), Ҳидоятулло Самиев (73 кг), Амонулло Азимов, Садр Боев, Сафарбек Муродов, Кароматулло Ҳакимов, Акмал Муродов (ҳама дар вазни 81 кг), Муҳаммадасрор Юсуфов (90 кг), Абдулваҳҳоб Сатторов (100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 33 медал (10-9-14) ғолиб шуд. Мунтахаби Канада (3-0-3) мақоми дувум ва мунтахаби Қазоқистон (1-0-1) мақоми севумро ишғол карданд.

Cуҳроб Боқиев аз сулолаи паҳлавонони маъруф Боқиевҳо мебошад. Падари ӯ Рустам Боқиев қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш ва амакаш Расул Боқиев барандаи медали биринҷии олимпиадаи Пекин-2008 ва ҷоизадори қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо ҳастанд. Рустам Боқиев соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ дар Атлантаи Амрико ширкат кардааст. Бобояш шодравон Худойназар Боқиев паҳлавони маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик аст.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:
Мардон

60 кг
1. АБУЛАДЗЕ Яго (Русия)
2. БОҚИЕВ Сӯҳроб (Тоҷикистон)
3. ФЛОРИМОНТ Йолан (Фаронса)
3. БАЯРАА Амартувшин (Муғулистон)

66 кг
1. ИСОЕВ Исо (Русия)
2. КУЛИКОВСКИХ Александр (Русия)
3. ВАН ХАРТЕН Маттхийс (Ҳолланд)
3. ВЕРНЕР Франк (Фаронса)

73 кг
1. ОНДАР Саян (Русия)
2. ШОКА Вадим (Беларус)
3. МАРГЕЛИОН Артур (Канада)
3. КАРАПЕТЯН Фердинанд (Арманистон)

81 кг
1. БРИАНД Этинн (Канада)
2. БОЧКАЕВ Алу (Русия)
3. ЧАПАРЯН Андраник (Арманистон)
3. АЛЛАРДОН Йонатан (Фаронса)

90 кг
1. БУРТ Зачари (Канада)
2. ҶИЛАНДЗЕ Алико (Русия)
3. ХАМХОЕВ Измаил (Русия)
3. ГОДИЗОВ Ахсартаг (Русия)

100 кг
1. ДОВГАН Дмитрий (Русия)
2. АДАМЯН Арман (Русия)
3. БОЕЛЕР Лаурин (Австрия)
3. ҶИОЕВ Аслан (Русия)

+100 кг
1. ҶАНАЕВ Сослан (Русия)
2. ДИБРИН Никита (Русия)
3. ШАҲБОЗОВ Руслан (Русия)
3. СПИЙКЕРС Юр (Ҳолланд)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG