Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми бози Осиё” оид ба ҷудо байни наврасону навҷавонон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 11-14 май дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон баргузор шуд, ҳашт медал (чор нишони тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи наврасон Шодмон Ризоев дар вазни зери 50 кило ва Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни зери 66 кило бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Се намояндаи Тоҷикистон – Худобахши Аброр дар вазни зери 55 кило, Муҳаммадризо Қувватов дар вазни зери 60 кило ва Эмомризо Қурбонов дар вазни зери 90 кило - ҷойҳои панҷумро ишғол карданд. Ду гуштигири дигари тоҷик – Хушвахт Идиев дар вазни зери 81 кило ва Бобоҷон Бобоев дар вазни зери 90 кило - ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.
Дар Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни наврасон ҳудуди 200 варзишгар аз 9 кишвар – Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тайван, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон – иштирок доштанд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 35 гуштигир шомил буд, ки онҳо танҳо дар сабқати писарон ширкат варзиданд.
Баъди натиҷагирии мусобиқа миёни наврасон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо нӯҳ медали тилло, ҳафт нуқра ва шонздаҳ биринҷӣ ҷойи аввалро касб кард. Мунтахаби Тайван (3-2-3) дувум шуд. Дастаи Тоҷикистон бо ду медали тилло дар ҷойи севум қарор гирифт.
Дар Ҷоми бози Осиё байни навҷавонон дар Чирчиқ варзишгарони тоҷик ду медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни зери 81 кило ва Темур Раҳимов дар вазни зери 100 кило бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Раҳматуллобек Фарҳодов (81 кг) медали нуқра, Эраҷ Абдуллоев (73 кг) ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин Шукрона Қарчиева дар сабқати духтарон дар вазни зери 52 кило медали биринҷӣ гирифт.
Ҳамчунин боз се навҷавони тоҷик ба натиҷаҳои нисбатан хубтар ноил шуданд. Сомон Аламов (55 кг) ва Муҳаммадраҳим Сарахонов (66 кг) ҷойҳои панҷум ва Нуроншо Бодомаев мақоми ҳафтумро касб намуданд.
Дар мусобиқа миёни навҷавонон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо нӯҳ медали тилло, даҳ нуқра ва сездаҳ биринҷӣ ҷойи аввалро касб кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо ду медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Тими Эрон бо ду медали тилло ва як нишони биринҷӣ севум шуд.
Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни наврасону навҷавонон дар Чирчиқи Узбакистон ҳамагӣ дувоздаҳ медал (се нишони тилло, чор нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварда буданд.