Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои бозиҳои даври даҳуми лигаи олии футболи Тоҷикистон


Даври даҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 12 май бо бозӣ миёни дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор ва “Истиқлол”-и Душанбе шуруъ шуд. Ин бозии марказии даври гузашта, ки дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо ҳузури 5 ҳазор тамошобин барпо гардид, бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Се бозии дигари даври даҳум рӯзи 14 май баргузор шуд. «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Бозии «Барқчӣ»-и Ҳисор ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 20 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. «Хуҷанд» бо 17 имтиёз дар зинаи дувум ва ССКА “Помир” бо 17 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 20, 21 ва 23 май баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 10-ум

«Ҳосилот» – «Истиқлол» – 0:0

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

12 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш» – 1:0

Гол: Аскар Равшанов.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

14 май. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

«Барқчӣ» – ССКА «Помир» – 0:0

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

14 май. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Панҷшер» – «Хуҷанд» – 0:5

Голҳо: Ҳоҷибой Зиёев, Давронҷон Тухтасунов, Фарҳод Тоҳиров, Шоҳрух Раҷабматов, Дилшод Бозоров.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

14 май. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

8

6

2

0

23-4

20

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

5

2

3

17-8

17

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

10

4

5

1

8-3

17

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

3

3

4

6-10

12

5

«Ҳосилот» (Фархор)

10

3

2

5

9-18

11

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

9

2

3

4

4-7

9

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

10

2

3

5

6-14

9

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

9

2

2

5

7-16

8

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 5 тӯб.

Даври 11-ум:

20 май (шанбе)

ССКА «Помир» – «Панҷшер»

«Вахш» – «Барқчӣ»

21 май (якшанбе)

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

23 май (сешанбе)

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Оғози бозиҳо - соати 17:00

XS
SM
MD
LG