Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ медал надорад


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – ҷараён доранд, ҳанӯз медал ба даст наовардаанд.

Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки 12 май дар Варзишгоҳи олимпии Боку баргузор шуд, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, раиси Кумитаи тадорукоти бозиҳо Меҳрубон Алиева, ашхоси дигари расмӣ ва роҳбарони созмону федератсияҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев Бозиҳои IV ҳамбастагии исломиро кушода эълон кард.

Дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки тавассути мусобиқоти варзишӣ ҷаҳони исломро муттаҳид месозанд, беш се ҳазор варзишгар аз 54 кишвар барои 269 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 21 намуд дар 16 иншооти муосири варзишии Боку то рӯзи 22 май сабқат мекунанд. Ба барномаи бозиҳо намудҳои нави варзиш – гуштӣ, ҷудо, параҷудо, параатлетика, бокс, зӯрхонаӣ, тирпарронӣ, гимнастикаи бадеӣ ва варзишӣ - дохил шудаанд.

Дар ин бозиҳо 29 варзишгари тоҷик аз рӯи 7 намуд – ҷудо, тирандозӣ, таэквондо ВТФ, волейбол (занон), вазнабардорӣ, гуштии озод ва варзишҳои зӯрхонаӣ - ширкат меварзанд. Дар байни онҳо варзишгарони маъруф, ба мисли Моҳрӯ Ҳалимова, Фарҳод Неъматов (таэквондо ВТФ), Баҳодур Қодиров, Фарҳод Анақулов (гуштии озод), Наврӯз Арабов (варзишҳои зӯрхонаӣ) ва дигарон ҳастанд.

Дастаи мунтахаби занонаи волейболи Тоҷикистон дар ду бозии аввал аз тимҳои Туркия ва Озарбойҷон бо ҳисоби якхелаи 0:3 шикаст хӯрд. Волейболбоздухтарони тоҷик дар даври севум 16 май бо мунтахаби Қирғизистон рақобат мекунанд.

Дар мусобиқаи ҷудо Шоҳида Қаландарова дар сабқати занон дар вазни зери 57 кило баъди пирӯзӣ бар рақибаш аз Албания, дар ду қувваозмоии дигар аз варзишгарони Кот-де Ивуар ва Қирғизистон мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард. Дар сабқати мардон Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар аввалин қувваозмоияш бар намояндаи Малайзия ғолиб омад, дар даври дувум аз Рустам Ориҷови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.

Дар мусобиқаи тирпарронӣ аз милтиқ ба масофаи 10 метр миёни занон намояндагони Тоҷикистон Малика Лагутенко ва Нозанин Лутфуллоева аз медалҳо бенасиб монданд.

Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ мунтахаби Озарбойҷон дар ҳисоби умумумидастаӣ бо 24 медали тилло, 17 нуқра ва 9 нишони биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Туркия, ки 20 медали тилло, 24 нуқра ва 15 биринҷӣ ба даст овардааст, дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Узбакистон бо 5 медали тилло, 4 нуқра ва 12 биринҷӣ дар ҷойи севум аст.

Умуман, то имрӯз, 15 май, варзишгарони 24 кишвар медалҳои Бозиҳои IV ҳамбастагии исломиро соҳиб шудаанд ва аз байни онҳо намояндагони 13 кишвар барандагони медалҳои тилло гардидаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз Узбакистон, Қирғизистон бо чор медал (як тилло ва се биринҷӣ) дар ҷойи даҳум, Қазоқистон бо ду медали биринҷӣ дар ҷойи понздаҳум ва Туркманистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи ҳабдаҳум қарор гирифтаанд. Вале аз ин минтақа танҳо варзишгарони Тоҷикистон то ҳоло медал ба даст наовардаанд.

XS
SM
MD
LG