Пайвандҳои дастрасӣ

Омори СНГ. Мизони аз ҳама поини маош дар Тоҷикистон будааст. САДО


Ҳадди маоши миёна дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар поинтарин сатҳ қарор доштааст. Мақомот далели ин вазъро ба рушди кунди саноат ва коҳиши ҷиддии қурби сомонӣ дар баробари доллар рабт доданд.

Агар маоши воқеиро нишон диҳанд, масъалаи андозбандӣ ба миён меояд.

Маоши миёна – 127 доллар

Бино ба гузориши Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, маошии миёна дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба 127 доллар баробар будааст. Дар ҳоле ки маоши миёна дар Қирғизистон 201, Узбакистон 250 ва Қазоқистон 430 долларро ташкил додаанд. Дар ин росто Русия дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ пешгом буда, маоши миёна дар ин кишвар ба 660 доллар баробар аст.

Олим Бобоев
Олим Бобоев

Олим Бобоев, узви Кумитаи иқтисод ва молияи порлумони Тоҷикистон, рӯзи 13 май ба Радиои Озодӣ далели поин будани маоши миёна дар кишварро ба рушди кунди саноат марбут хонд. Ӯ гуфт, “агар саноати коркарди маҳсулот фаъол нашавад, маош зиёд нахоҳад шуд. Зеро дар сурати афзоиши коркарди маҳсулот ва фаъол шудани корхонаҳои бештари саноатӣ андози арзиши изофашуда зиёд шуда ва ин ба афзоиши маош таъсир мегузорад. Дар замони Шӯравӣ ҳам Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда ва саноат рушд накарда буд. Ҳамон вақт ҳам маоши миёна дар Тоҷикистон поин буд”.

Олим Бобоев гуфт, бар асоси барномаи саноатикунонии Тоҷикистон, дар назар аст, дар 5 соли оянда корхонаҳои зиёди коркард, аз ҷумла, маҳсулоти кишоварзӣ фаъол шаванд. Зимнан, дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ки моҳи феврали имсол нашр шуд, иллати мизони баланди бекориро дар Тоҷикистон (беш аз 50 дар сад) ба фаъол набудани корхонаҳои саноатӣ рабт додаанд.

Иқтисоди пинҳонӣ – яке аз нишонаҳои поин будани маош

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, дар канори рушди кунди саноат, иқтисоди пинҳонӣ ё ба истилоҳ “соягӣ”, коҳиши пули интиқолии муҳоҷирон ва беқурбшавии сомонӣ дар баробари доллари амрикоиро аз омилҳои дигари поин арзёбӣ шудани маоши миёна дар Тоҷикистон донист. Ӯ гуфт, “муқоиса кардани маоши миёна бо кишварҳои дигар дуруст нест. Зеро ҳар кишвар махсусиятҳои худро дорад. Масалан, дар бахши хусусии Тоҷикистон маош барои омор паст нишон дода мешавад. Дар ҳоле ки маоши миёна дар ин бахш зиёд буда ва ин нишонаи вуҷуди иқтисоди пинҳонӣ ё “соягӣ” аст. Агар воқеӣ нишон диҳанд, масъалаи андозбандӣ ба миён меояд”.

Ба гуфтаи ин иқтисоддон, дар Тоҷикистон маоши миёна 934 сомонӣ муқаррар шуда, бештари кормандони бахшҳои давлативу хусусӣ дар ду-се ҷой кор мекунанд ва дар омор танҳо маоши ҷойи кор нишон дода мешавад.

Абдулло Қудратов, як корманди идораи давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо маоши миёнаи феълӣ таъмини ниёзҳои зиндагӣ душвор аст. Ба гуфтаи вай, маошаш 1200 сомонӣ ё муодили 130 доллари амрикоӣ буда, барои пешбурди зиндагии ӯву оилааш кофӣ нест. “Ман дар деҳае дар беруни шаҳр зиндагӣ мекунам. Ҳамарӯза барои рафтуомад ва ғизои нисфирӯзӣ то 15 сомонӣ харҷ мешавад. Яъне, маош бароям кофӣ нест. Хуб аст, ки дар деҳа қитъаи замини наздиҳавлигӣ дорам. Аз ҳисоби ҳосили картошка, пиёзу сабзӣ, бодирингу помидор як навъ зиндагии хонаводаро бо ҳамсар ва се фарзанд пеш мебарам.”

Ҳамчунин, ба бовари иқтисоддонҳои тоҷик, ҳангоми арзёбии мизони маоши миёна дар Тоҷикистон бояд сабади истеъмолӣ низ дар назар гирифта шавад. Ба гуфтаи онҳо, дар соли ҷорӣ дар пайи беқурбшавии сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ мизони таваррум дар кишвар боло рафта ва нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум якбора афзоиш ёфт. Дар натиҷа, ба далели поин будани маоши миёна дар Тоҷикистон ба қудрати харидории сокинон ва дар ниҳоят ба сатҳи зиндагии онҳо таъсири манфӣ гузоштааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG