Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии Мутриба дар қаҳрамонии шатранҷи Осиё


Мутриба Ҳотамӣ (аз чап).
Мутриба Ҳотамӣ (аз чап).

Мутриба Ҳотамӣ, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷи Осиё миёни ҷавонони зери 20-сола оид ба блитс ё шоҳмоти барқвор дар Эрон медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, рӯзи 12 май хабар дод. Вай гуфт, “дар ин мусобиқа, ки рӯзи 10 май натиҷагирӣ шуд, шатранҷбозони ҷавон аз шаш кишвар - Эрон, Ҳиндустон, Ветнам, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон - ширкат доштанд. Ба барномаи мусобиқа ба ҷуз шоҳмоти маъмулӣ (стандарт), инчунин фаврӣ (рапид) ва барқвор (блитс) дохил буданд.”

Ба иттилои оқои Юнусов, Мутриба Ҳотамӣ дар сабқати шоҳмоти барқвор дар 9 бозӣ 6,5 имтиёз ба даст овард ва баъди Мубина Алинасаби эронӣ ва Гуддант Харшити ҳиндустонӣ мақоми севумро касб кард.

Мутрибаи 20-сола қаҳрамони 13-каратаи шоҳмот байни наврасону ҷавонон ва қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон миёни бонувон аст. Вай ба ин мусобиқа таҳти раҳбарии модари худ, мураббии шоҳмот Саодат Одинаева омодагӣ дидааст.

Хеле хушнудам, ки шогирдони хуб дорам ва аз ҳар як муваффақияти онҳо меболам. Ба ғайр аз фарзандонам Мутрибаву Амонуллоҳ, инчунин, шогирдонам Алишери Муъмин, Сарвиноз Каримова ва Озода Мирзоева қаҳрамонҳои кишвар байни наврасон мебошанд. Шогирдонам дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Туркия, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Эрон маҳорати хуб зоҳир кардаанд”, - гуфт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Саодат Одинаева.

Ӯ орзу дорад, ки шогирдонаш дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ муваффақ шаванд ва ба мисли Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, ба унвони гроссмейстери байнулмилалӣ ё бузургустод даст ёбанд.

XS
SM
MD
LG