Паҳлавони тоҷик Бахтовар Ҳасанов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии юнонию румӣ дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ - медали биринҷӣ ба даст овард.
Рӯзи аввали мусобиқа – 10 май - гуштигирон аз рӯи панҷ вазн – 66, 75, 80, 91 ва 130 кило қувваозмоӣ карданд. Бахтовар Ҳасанов дар рақобатҳо дар вазни зери 75 кило пас аз пирӯзӣ дар аввалин қувваозмоияш бар Рай Ҳаяши (Ҷопон), дар даври чорякниҳоӣ аз Десунг Парки (Кореяи ҷанубӣ) мағлуб гашт. Баъдан ӯ барои мақоми севум бар Ю Чинг Чен аз Тайван дастболо шуд.
Ваде ду намояндаи дигари Тоҷикистон – Сӯҳроб Абдулҳаев (80 кг) ва Азиз Зарифов (98 кг) - дар даври муқаддамотӣ ноком шуда, аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.
Бахтовар Ҳасанов қаҳрамон ва ҷоизадори бисёркаратаи Тоҷикистон оид ба гуштии юнонию румӣ, ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар Улан-Батори Муғулистон ва Бозиҳои варзишии авруосиёӣ байни наврасон дар Алматии Қазоқистон мебошад.
Рӯзи 11 май рақобатҳо оид ба гуштии юнонию румӣ дар се вазни боқимонда – 59, 71 ва 85 кило миёни мардон баргузор шуданд. Ду гуштигири тоҷик - Рӯзадор Ҷуганиев (59 кг) ва Сӯҳроб Ҳоҷиев (71 кг) – аз медалҳо бенасиб монданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ мунтахаби Эрон мақоми аввалро касб кард. Дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Кореяи ҷанубӣ мақоми дувумро соҳиб шуданд. Мунтахаби Ҷопон мақоми севумро азони худ кард.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 оид ба гуштии юнониву румӣ байни мардон
59 кг
1) Кеничиро Фумита (Ҷопон)
2) Мирамбек Айнагулов (Қазоқистон)
3) Сомон Мурод Aбдувалӣ (Эрон)
3) Син Мянг Ри (Кореяи шимолӣ)
66 кг
1) Сангҳун Оҳ (Кореяи ҷанубӣ)
2) Алмат Кебиспаев (Қазоқистон)
3) Алӣ Ризооллоҳ Арсалан (Эрон)
3) Ҷингсин Донг (Чин)
71кг
1) Taкеши Изуми (Ҷопон)
2) Афшин Неъмат Биёбонгард (Эрон)
3) Нургазӣ Асангулов (Қирғизистон)
3) Ҷиҳун Kи (Кореяи ҷанубӣ)
75 кг
1) Мақсад Эрежепов (Қазоқистон)
2) Даесунг Парк (Кореяи ҷанубӣ)
3) Бахтовар Ҳасанов (Тоҷикистон)
3) Бин Янг (Чин)
80 кг
1) Ромин Султонмурод Тоҳирисартанг (Эрон)
2) Ҷунеҳянг Ким (Кореяи ҷанубӣ)
3) Сингҳ Ҳарприт (Ҳиндустон)
3) Самат Ширдаков (Қирғизистон)
85кг
1) Ҳусейн Аҳмад Нурӣ (Эрон)
2) Атсуши Матсумото (Ҷопон)
3) Фей Пенг (Чин)
3) Кумар Анил (Ҳиндустон)
98 кг
1) Саидмустафо Салоҳизода (Эрон)
2) Сингҷун Ким (Кореяи ҷанубӣ)
3) Ерулан Исҳоқов (Қазоқистон)
3) Рустам Оссақолов (Узбакистон)
130 кг
1)Беҳном Алиакбар Меҳдизода (Эрон)
2) Дамир Кузембоев (Қазоқистон)
3) Муъминҷон Абдуллоев (Узбакистон)
3) Mинсиёк Kим (Кореяи ҷанубӣ)
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод рӯзҳои 12-14 май баргузор мешавад. Дар ин намуд Тоҷикистонро ҳашт варзишгар намояндагӣ мекунанд: Ҷамшед Шарифов (57 кг), Абдулқосим Файзиев (61 кг), Амирҷони Саидҷон (65 кг), Ғуломҷон Шарифов (70 кг), Салимҷон Ҳалимзода (74 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг), Искандари Рустам (97 кг), Фарҳод Анақулов (125 кг).