Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки 6-миллион долларии Амрико ба марзбонони тоҷик


Амрико барои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар воситаҳои нақлиёт, таҳҷизоти иртиботӣ ва камераҳои гармидиҳӣ, додааст. Ба иттилои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ин васоил рӯзи 11 май дар Душанбе ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон супурда шуд.

Дар маросими тақдими ин кӯмакҳо, ки дар яке аз қисмҳои вобаста ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар Душанбе баргузор шуд, сафири ИМА Элизабет Миллард, раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ иштирок доштанд. Ҳадаф аз ин кӯмак "баланд бардоштани қобилияти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, дар ошкор ва қатъ намудани қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Тоҷикистон", гуфта шудааст.

Сафири Амрико дар ин маросим гуфтааст, ки ИМА ва Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдидҳои фаромиллӣ, ки метавонад ба амнияти Осиёи Миёна таъсир расонад, ҳамкорӣ мекунанд. Сафорати Амрико мегӯяд, ки ҳама кӯмакҳо ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи Барномаи оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА маблағгузорӣ шудааст.

Ба иттилои сафорати Амрико, аз соли 2006 ба ин тараф Барномаи оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА зиёда аз 155 млн доллар барои таҷҳизот, омӯзиш ва зерсохтор, ки ба тақвияти мақомоти бахши мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, ҷудо кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG