Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳакамон аз Ҳонконг бозии “Дордой” ва “Истиқлол”-ро доварӣ мекунанд


Конфедератсияи футболи Осиё доварони бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Дордой”-и Қирғизистон ва “Истиқлол”-и Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Довари ФИФА Нгуен Чиу Кок аз Ҳонконг сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш Ло Юк Минг ва Сарао Амарҷит Сингх кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Судиша Кумара Пандея аз Непал вогузор шудааст. Дакоста Энтони Ҷон аз Ҳиндустон нозири доварон ва Парк Сеонг Кин аз Кореяи Ҷанубӣ комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон ва “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи чоршанбе, 17 май, дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи "Истиқлол" дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” бар тими «Дордой» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шудааст. Ин бозӣ 14-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардида буд. Ҳисобро ҳимоятгар Девид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана, дар дақиқаи 17-ум боз кард. Баъд аз панҷ дақиқа тӯби дувумро ба дарвозаи “Дордой” Ҷаҳонгир Алиев ворид намуд.

Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи “D” 17 май дастаи «Олтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, дар майдони худ бо тими “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, рақобат мекунад.

Баъди натиҷагирии чор даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” “Истиқлол”-и Душанбе бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. “Олтин Асир”-и Ишқобод низ 10 имтиёз ба даст овардааст, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо дар мақоми дувум қарор дорад. “Дордой”-и Бишкек бо се имтиёз дар мақоми севум аст. “Олой”-и Ӯш бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки бар асоси дастури мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ меёбад.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

4

3

1

0

10-3

10

2

«Олтин Асир» (Туркманистон)

4

3

1

0

8-2

10

3

«Дордой» (Қирғизистон)

4

1

0

3

1-7

3

4

«Олой» (Қирғизистон)

4

0

0

4

3-10

0

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 3:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 0:2

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:4
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 3:0

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)

“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG