Пайвандҳои дастрасӣ

ВАО: Русия даҳҳо тӯпхона ва ҳавопаймои AWACS-ро ба Сурия интиқол дод


Ҳмеймим- пойгоҳи ҳавоии Русия дар қаламрави Сурия

Шабакаи телевизионии Fox News рӯзи чаҳоршанбе бо такя ба манобеи низомии Амрико хабар дод, ки Русия даҳҳо тӯпхона ва ҳавопаймои сохтори AWACS-ро ба Сурия интиқол додааст.

Дар Пентагон гуфтанд, ки силоҳҳоро бо киштии боркаш то бандари Тартус расониданд. Манобеи расмӣ ҳамчунин ба хабарнигорон гуфтанд, ки Русия ҳавопаймои ташхиси радари дурбарро низ ба Сурия интиқол дод ва рӯзҳои наздик муҳимоти ҷангӣ барои сохтори зиддиҳавоии C-400-ро низ ба ин кишвар мефиристад. Ин интиқол, ба гуфтаи Fox News, теъдоди мушакҳои навъи "замин ба ҳаво"-ро дар қаламрави Сурия афзоиш медиҳад.

Ҳамсӯҳбати Fox News таҳкими сохтори зиддиҳавоии Русия дар хоки Сурияро ба ҳамлаи мушакие марбут кард, ки Амрико баъди истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Идлиб ба як пойгоҳи Сурия пиёда кард.

Вазорати дифои Русия то ҳол хабари Fox News-ро шарҳ надодааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG