Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ


Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ имрӯз, 10 май, ба Боку сафар карданд. Чаҳорумин давраи ин бозиҳо дар пойтахти Озарбойҷон аз 12 то 22 май бо ширкати беш се ҳазор варзишгар аз 57 кишвар баргузор мешавад.

Дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки тавассути мусобиқоти варзишӣ ҷаҳони исломро муттаҳид месозанд, варзишгарон барои 269 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 20 намуд дар 16 иншооти муосири варзишии Боку сабқат мекунанд. Ба барномаи бозиҳо варзиши сабук, ҷаҳидан ба об, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, баскетбол 3х3, футбол, гимнастикаи бадеӣ ва варзишӣ, ушу, тенниси рӯи миз, ҳандбол, ҷудо, гуштии юнониву румӣ ва озод, тирандозӣ, теннис, волейбол, бокс, варзишҳои зӯрхонаӣ, каратэ, таэквондо ВТФ ва вазнабардорӣ дохиланд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин бозиҳо 29 варзишгари тоҷик аз рӯи 7 намуд – ҷудо, тирандозӣ, таэквондо ВТФ, волейбол (занон), вазнабардорӣ, гуштии озод ва варзишҳои зӯрхонаӣ - ширкат меварзанд. Дар байни онҳо варзишгарони маъруф, ба мисли Моҳрӯ Ҳалимова, Фарҳод Неъматов (таэквондо ВТФ), Баҳодур Қодиров, Фарҳод Анақулов (гуштии озод) ва Наврӯз Арабов (варзишҳои зӯрхонаӣ) ҳастанд.

Бояд тазаккур дод, ки тасмим дар бораи баргузории Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку моҳи июли соли 2013 дар Ассамблеяи кулли Созмони варзишии ҳамбастагии исломӣ дар Ҷиддаи Арабистони Судӣ гирифта шудааст.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев 17 сентябри соли 2015 дар бораи таъсиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар Боку фармоиш ба тасвиб расонда буд. Бар асоси ин фармоиш узви кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Озарбойҷон Меҳрубон Алиева - ҳамсари раисҷумҳур, ки ноиби аввали президенти кишвар ва раиси Бунёди Ҳайдар Алиев мебошад, роҳбари кумитаи тадорукоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ таъин шудааст.

XS
SM
MD
LG