“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 8 май дар меҳмонӣ бар тими “Хуҷанд”- и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳарсе голро ҳимоятгарон ба ҳадаф расонданд. Артём Барановский, легионери украинии “Истиқлол”, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 13-ум, ҳисобро боз кард. Баъдан Фарҳод Восиев дар дақиқаи 68-ум голи дувуми душанбегиҳоро ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид намуд. Як голи мизбононро капитани дастаи “Хуҷанд” Манучеҳр Аҳмадов дар дақиқаи 83-юм зад.
“Истиқлол”, ки ду бозӣ камтар кардааст, бо 19 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. ССКА “Помир”-и Душанбе бо 16 имтиёз дар зинаи дувум ва «Хуҷанд» бо 14 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.
Бозиҳои даври даҳуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 12-14 май баргузор мешаванд: «Ҳосилот» – «Истиқлол» (12 май), «Регар-ТадАЗ» – «Вахш» (13 май), «Барқчӣ» – ССКА «Помир» ва «Панҷшер» – «Хуҷанд» (14 май).
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 4-ум
«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 1:2
Голҳо: Артём Барановский, 13 (0:1). Фарҳод Восиев, 68 (0:2). Манучеҳр Аҳмадов, 83 (1:2).
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов, Соҳибҷон Ҳакимов, Руслан Раҳматов, Дилшод Каримов (Фарҳод Тоҳиров, 73), Эҳсон Бобоев, Ҳоҷибой Зиёев, Ҳикматулло Расулов, Давронҷон Тухтасунов, Дилшод Бозоров.
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Аҳтам Назаров, Фарҳод Восиев, Артём Барановский, Ромиш Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 64), Нуриддин Давронов (Эҳсони Панҷшанбе, 90+3), Дэвид Мавутор, Дилшод Восиев (Табрези Давлатмир, 51), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков, Манучеҳр Ҷалилов.
Огоҳонида шуданд: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Дэвид Мавутор («Истиқлол»).
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
8 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2100 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
7 |
6 |
1 |
0 |
23-4 |
19 |
2 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
9 |
4 |
4 |
1 |
8-3 |
16 |
3 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
9 |
4 |
2 |
3 |
12-8 |
14 |
4 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
9 |
3 |
1 |
5 |
9-18 |
10 |
5 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
8 |
2 |
3 |
3 |
4-6 |
9 |
6 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
9 |
2 |
3 |
4 |
5-10 |
9 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
8 |
2 |
2 |
4 |
7-11 |
8 |
8 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
9 |
2 |
2 |
5 |
6-14 |
8 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 4 тӯб, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол»), Меҳдӣ Ҷализӣ (ССКА «Помир») – 3-тӯбӣ.
Даври 10-ум
12 май (ҷумъа)
«Ҳосилот» – «Истиқлол»
13 май (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»
14 май (якшанбе)
«Барқчӣ» – ССКА «Помир»
«Панҷшер» – «Хуҷанд»
Оғози бозиҳо – соати 16:30