Пайвандҳои дастрасӣ

Дар аввалин бозиҳои марҳилаи пешакии мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки рӯзи 7 май доир гардиданд, мизбонон дар чаҳор дидор пирӯзӣ ба даст оварданд ва ду бозӣ мусовӣ шуд.

«Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. «Ҳулбук»-и Восеъ бар дастаи меҳмон - «Маҳаллаи 83»-и Душанбе - бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. «Эсхата»-и Хуҷанд дар майдони худ «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 4:1 мағлуб сохт. «Зарафшон»-и Панҷакент ба дарвозаи дастаи меҳмон - «Зарбдор»-и Исфара – шаш голи беҷавоб зад.

Бозӣ миёни дастаҳои «Локомотив-Помир»-и Душанбе - «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 1:1 ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ - «Сомон»-и Данғара бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Бозиҳои ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 май баргузор мешаванд.

Ғолибони ҷуфтҳо ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд. Ҳашт дастаи лигаи олӣ – «Истиқлол» (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хуҷанд» (Хуҷанд), ССКА «Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – барои Ҷоми Тоҷикистон аз даври ҳаштякниҳоӣ мубориза мебаранд. Аввалин бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 27-28 май, бозиҳои ҷавобӣ 1-2 июн доир хоҳанд шуд.

Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2018 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон

Марҳилаи пешакӣ . Бозиҳои аввалин

«Локомотив-Помир» – «Ваҳдат» – 1:1

«Саройкамар» – «Равшан» – 5:1

«Ҳулбук» – «Маҳаллаи 83» – 2:1

«Кӯктош» – «Сомон» – 2:2

«Эсхата» – «Парвоз» – 4:1

«Зарафшон» – «Зарбдор» – 6:0

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор мешавад. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони ин Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 3:2

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG