Дар ҳарсе бозии даври нӯҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 5-7 май баргузор шуд, мизбонон пирӯз гардиданд.
«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голро Дилшод Бозоров, ки дар нимаи дувуми бозӣ ба майдон омад, дар дақиқаи 59-ум ба самар расонд.
ССКА «Помир»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро легионери эронӣ Меҳдӣ Ҷализӣ ва Фирдавс Чақалов дар нимаи аввали дидор заданд.
«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ ба дарвозаи “Ҳосилот”-и Фархор ду голи беҷавоб зад. Ҳарду голро Холмурод Назаров дар нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 9-ум
«Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 1:0
Гол: Дилшод Бозоров, 59.
Огоҳонида шуданд: Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Маҳмадзарифи Абдураҳим, Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
5 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1200 тамошобин.
ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0
Голҳо: Меҳдӣ Ҷализӣ, 6 (1:0). Фирдавс Чақалов, 26 (2:0).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
6 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 500 тамошобин.
«Вахш» – «Ҳосилот» – 2:0
Голҳо: Холмурод Назаров, 61 (1:0). Холмурод Назаров, 78 (2:0).
Огоҳонида шуданд: Баҳовиддин Холиқов («Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»).
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
7 май. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2000 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
6 |
5 |
1 |
0 |
21-3 |
16 |
2 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
9 |
4 |
4 |
1 |
8-3 |
16 |
3 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
8 |
4 |
2 |
2 |
11-6 |
14 |
4 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
9 |
3 |
1 |
5 |
9-18 |
10 |
5 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
8 |
2 |
3 |
3 |
4-6 |
9 |
6 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
9 |
2 |
3 |
4 |
5-10 |
9 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
8 |
2 |
2 |
4 |
7-11 |
8 |
8 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
9 |
2 |
2 |
5 |
6-14 |
8 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 4 тӯб, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол»), Меҳдӣ Ҷализӣ (ССКА «Помир») – 3-тӯбӣ.
Бозии мавқуфгузоштаи даври 4-ум
8 май (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:30
«Хуҷанд» – «Истиқлол»
Даври 10-ум
12 май (ҷумъа)
«Ҳосилот» – «Истиқлол»
13 май (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»
14 май (якшанбе)
«Барқчӣ» – ССКА «Помир»
«Панҷшер» – «Хуҷанд»
Оғози бозиҳо – соати 16:30