Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври нӯҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Даври нӯҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 5 май, бо бозӣ миёни тимҳои Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Барқчӣ»-и Ҳисор шуруъ мешавад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 16:30 оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ бар асоси тақвими мусобиқаи лигаи олӣ бояд 6 май баргузор мешуд, вале он як рӯз пеш барпо мегардад. Зеро ки “Хуҷанд” 8 май бозии мавқуфгузоштаи даври чорумро бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мегузаронад.

Ду бозии даври нӯҳум байни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 6 май ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа – «Ҳосилот»-и Фархор 7 май барпо мегарданд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол”, ки аз ҳама камтар – ҳамагӣ шаш бозӣ кардааст, бо 16 имтиёз дар мақоми аввал аст. ССКА “Помир” бо 13 имтиёз дар мақоми дувум ва “Хуҷанд” бо 11 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум

5 май (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 16:30

«Хуҷанд» – «Барқчӣ»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

6 май (шанбе)

Оғози бозӣсоати 16:30

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Душанбе

7 май (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 16:30

«Вахш» – «Ҳосилот»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

6

5

1

0

21-3

16

2

ССКА «Помир» (Душанбе)

8

3

4

1

6-3

13

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

3

2

2

10-6

11

4

«Ҳосилот» (Фархор)

8

3

1

4

9-16

10

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

8

2

3

3

5-8

9

6

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

8

2

2

4

7-11

8

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

8

2

2

4

6-13

8

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

1

3

3

2-6

6

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол») – 3-тӯбӣ

XS
SM
MD
LG