Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони кулли Туркманистон аз мақомаш сабукдӯш шуд


Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Додситони кулли Туркманистон ба иллати "нокомӣ дар мубориза бо фасодкорӣ дар байни афсарони ҳифзи ҳуқуқу тартибот" аз мақомаш сабукдӯш шуд. Дар ин бора раиси ҷумҳури Туркманистон рӯзи 4 май дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш хабар дод.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов додситони кулл Амонмурод Халлиевро барои нотавонӣ дар ҷилавгирии саривақт аз фасодкорӣ дар байни зердастон ва маъмурони пулис шадидан интиқод кард. Порлумон истеъфои Халлиевро дастаҷамъона тасдиқ нмауд.

Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба вазири умури дохилӣ Искандар Муликов барои фасодкорӣ дар байни ходимони пулис огоҳӣ дод.

Ӯ, инчунин, гуфт, ки якчанд нафари дигар дар идораи додситонӣ аз мақом сабукдӯш шуданд ва аз раиси Шӯрои амният Бегенч Чараев талаб кард, қазияи онҳоро мӯшикофона баррасӣ кунад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қудрати Туркманистонро моҳи декабри соли 2006, баъд аз марги раҳбари худкома Сафармурод Ниёзов ба даст овард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG